Сахттар шудани дарёфти муҷаввиз барои будубоши доимӣ дар Қазоқистон

Мақомоти Қазоқистон шартҳои додани муҷаввиз барои будубоши доимӣ дар ин кишварро сахттар кардаанд.

Мақомоти Қазоқистон шартҳои додани муҷаввиз барои будубоши доимӣ дар ин кишварро сахттар кардаанд.

Акнун шаҳрвандони хориҷӣ бояд шиносномаеро пешниҳод кунанд, ки мӯҳлати эътибори он дар рӯзи дархост на камтар аз 180 рӯзи тақвимӣ хоҳад буд. Дар ин бора сомонаи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар додааст.

Барои гирифтани рухсатномаи иқомати муваққатӣ ҳузури шахсии соҳиби манзил ё шахсе, ки аз номи ӯ амал мекунад, ё розигии нотариалии соҳибмулк зарур аст. Суроғае, ки ҳангоми додани иҷозатнома нишон дода шудааст, бояд рамзи бақайдгирӣ дошта бошад.

Гуфта мешавад, «ин тадбирҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз имкони сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ дар суроғаҳои мавҷуд набуда, инчунин дар суроғаҳои марбут ба муроҷиаткунанда андешида шуданд».

Тағйирот ба «Қоидаҳои додани иҷозатнома ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои будубоши муваққатӣ ва доимӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон» аз 6 январ ворид шуда, даҳ рӯз пас эътибор пайдо кардааст.

Қаблан мақомоти Қазоқистон дар бораи мусоидат ба дарёфти муҷаввиз барои будубоши доимӣ дар ин кишвар барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки соҳиби касбҳои серталаб ҳастанд, хабар дода буданд. Илова бар ин, тартиби вуруди хориҷиён мушаххас шудааст: шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё метавонанд дар давоми 180 рӯз на бештар аз 90 рӯз дар Қазоқистон бимонанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон аз вазъи қабули муҳоҷирон давоми соли 2022 дар ин кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи Аслан Аталиков, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи Хадамоти муҳоҷирати Қазоқистон, дар соли ҷорӣ беш аз 5 миллион шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 330 ҳазор нафар муҳоҷирон аз Тоҷикистон вориди Қазоқистон шудаанд.

Дар ин бора пойгоҳи иттилоърасонии “Казинформ” хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, аз ҳама зиёд ба Қазоқистон шаҳрвандони Федератсияи  Русия 2 миллиону 900 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҷои дуюм — 2 миллиону 300 ҳазор шаҳрванди Узбакистон вориди кишвари ҳамсояи Қазоқистон шудаанд.

Ҳамчунин 730 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон, беш аз 330 ҳазор аз Тоҷикистон ва ҳудуди 90 ҳазор шаҳрванди Туркия дар соли 2022 вориди Қазоқистон шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон ҳамчунин шарҳ додааст, ки 650 000 хориҷӣ муваққатан дар Қазоқистон ба сар мебаранд. Қариб 6 миллион нафар хориҷӣ ин кишварро тарк кардаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад