Кумаки ИМА ба бахши амнияти Тоҷикистон ва тақдими таҷҳизоти низомӣ

ИМА ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои таҳкими зерсохтори ниҳодҳои интизомӣ дар марз бо Афғонистон таҷҳизоти низомӣ тақдим кард.

Бар асоси гузориши дафтари матбуоти Оҷонсии амнияти кимиёӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Тоҷикистон, ИМА ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои таҳкими зерсохтори ниҳодҳои интизомӣ дар марз бо Афғонистон таҷҳизоти низомӣ тақдим кард.

Дар хабар гуфта шудааст, ки «Кӯмаки техникӣ дар чаҳорчӯби тарҳи «Амнияти марзи сабз», ки ҳадафи он таҳкими зерсохтори ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон аст, ироа шудааст».

Гуфта мешавад, ки Илҳом Мирсаидзода, директори Агентии амнияти кимиёӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ аз номи Вазорати энергетикаи ИМА лавозимоти низомиро барои истифода ба КДАМ супурд.

Оҷонсӣ мегӯяд, ин таҷҳизот барои иҷрои нақшаи миллии амалиёти Тоҷикистон дар бораи қатъномаи 1540-и Шӯрои Амнияти СММ дар бораи паҳн накардани силоҳи қатли ом зарур аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад