Афзоиши шумори қурбониёни заминларза дар Туркия ба беш аз 12 ҳазор нафар

Идораи офатҳои табиӣ ва ҳаводиси ғайри мутараққибаи Туркия аз афзоиши талафоти заминларза дар ин кишвар ба беш аз 12 ҳазор кушта ва беш аз 62 ҳазор захмӣ хабар дод.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Русия Ал-Алявм”, мақомоти Туркия аз афзоиши шумори қурбониён ва захмиҳои заминларза дар ин кишвар хабар доданд.

Бар асоси ин гузориш, идораи офатҳои табиӣ ва ҳаводиси ғайри мутараққибаи Туркия эълом кард, ки шумори кушта шудагони заминларзаи шадид дар ин кишвар ба 12 ҳазор ва 391 кушта ва 62 ҳазор ва 914 захмӣ афзоиш пайдо кардааст.

Ҳамчунин манобеи хабарӣ аз афзоиши шумори ҷонибохтагони заминларза дар Сурия ба 3 ҳазор ва 300 нафар хабар доданд. Тимҳои имдод ва наҷот пешбинӣ мекунанд бо таваҷҷӯҳ ба инки ҳазорон нафар зери овор ҳастанд шумори қурбониёни тайи рӯзҳои оянда ба шакли зиёде афзоиш пайдо кунад.

Созмони Тандурустии Ҷаҳонӣ бо ҳушдор дар бораи афзоиши омори ҷонбохтагони заминларзаи маргбори рӯзи (душанбе) дар Туркия ва Сурия, эълом кард, ки шумори кушташудагон мумкин аст «ҳашт баробар» шавад.

Алорағми оморҳои расмӣ дар Туркия ва Сурия, ки ба мурур ва бо ташдиди оворбардории манотиқи зилзилҳзада ба рӯзрсонӣ мешавад, Созмони Тандурустии Ҷаҳонӣ пешбини карда, ки эҳтимолан наздик ба 20 ҳазор нафар дар заминларзаи 7.7 дараҷаи Туркия ва Сурия ҷон бохтаанд.

Дар пайи вуқӯъи заминларзаи  7.7 дараҷаӣ дар манотиқи ҷануби Туркия, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раиси ҷумҳури ин кишвар дастури эъломи вазъияти изтирорӣ дар 10 устонро содир кард, ки аз имрӯз дирӯз чаҳоршанбе иҷроӣ шуд.

Эъломи вазъияти изтирорӣ дар минтақа мӯҷиби афзоиши ихтиёроти мақомоти маҳаллӣ ва ниҳодҳои муҷрии қонун мешавад ва давлат низ метавонад барои пешбурди беҳтари умур, иҷрои бархе қавонин дар ин манотиқро таълиқ ва ё қавонини ҷадид вазъ кунад.

Гуфтнӣ аст дар ҷараёни заминларзаи 7.8 дараҷаӣ, ки соат 04:17 бомдоди душанбе ба вуқӯъ пайваст хисоратҳои зиёде ба сохтумонҳо дар манотиқи густурдае аз Сурия ва Туркия ворид шуд ва тимҳои наҷот ва ҷустуҷӯ дар ҳоли овор бардорӣ ва наҷоти касоне ҳастанд, ки дар зери оворҳо гирифтор шудаанд.

Ин ҳодисаи маргбор вокунишҳои густурдаеро ба ҳамроҳ дошта ва раҳбарони кишварҳои мухталиф бо миллатҳои Сурия ва Туркия ибрози ҳамдардӣ кардаанд.

Бетина Шаъбон, мушовири вижаи риёсати ҷумҳурии Сурия таъкид кард, ки Сурия аз ҳаргуна ибтикори ироа шуда тавассути кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои кумак ба муқобила бо асароти фоҷиабори заминларза, машрут бар инки ин кор бидуни сиёсикорӣ анҷом шавад истиқбол мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад