Туркия ҳофизи манофеи НАТО дар Тоҷикистон

Сафорати Туркия дар Душанбе дар сафҳаи Твиттери худ навишт, ки барои як давраи 2 сола нақши сафорати НАТО дар Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт.

Сафорати Туркия дар шаҳри Душанбе дар сафҳаи Твиттери худ навишт, ки барои як давраи 2 сола нақши сафорати НАТО дар Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифтааст.

Сафорати Туркия дар Тоҷикистон ба муддати 2 сол нақши сафорати НАТО дар кишварро ӯҳда гирифтааст. Бинобар эъломи сафорати Туркия дар Душанбе ба далели адами ҳузури дафтари намояндагии созмони НАТО дар Тоҷикистон, ин сафорат ба муддати ду сол ҳофизи манофеи НАТО дар Душанбе хоҳад буд.

Тибқи маъмул ҳар як аз сафоратхонаҳои кишварҳои узви НАТО барои як давраи ду сола нақши сафорати НАТО дар Тоҷикистонро бар ӯҳда хоҳанд дошт.

Ба ин тартиб, баъд аз сипарӣ шудани давраи ду сола намояндагии созмони НАТО ба яке дигар аз кишварҳои узви ин созмон мунтақил мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад