Қурбониёни заминларзаи Туркия аз 7800 нафар убур кард

Теъдоди куштаҳо ва талафоти заминларзаи бузург ва маргбори Туркия аз 7800 нафар гузашт.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Guardian”, теъдоди куштаҳо ва талафоти заминларзаи бузург ва маргбори Туркия аз 7800 нафар гузашт.

Бар асоси омори расмии ироа шуда, дар Туркия, ҳадди ақал 5894 нафар бар асари заминларза ҷони худро аз даст додаанд ва ҳамзамон дар Сурия низ 1932 нафар ба унвони ҷадидтарин омори талафоти заминларзаи бузург эълом шудааст, ки дар маҷмӯъ 7826 нафар дар ҷараёни ин заминларзаи бузург кушта шудаанд.

Дар айни ҳол ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки талафот ба  дар рӯзҳои оянда афзоиш ёбад ва мақомоти Созмони Тандурустии Ҷаҳонӣ тахмин мезананд, ки мумкин аст омори талафоти заминларзаи бузурги Туркия ба 20 ҳазор нафар ҳам бирасад.

“Файсал Микдод”, вазири умури хориҷаи Сурия таъкид кардааст, ки ҳамоҳангии талошҳои башардӯстона байни Анқара ва Димишқ дар заминаи заминларзаҳои қудратманде, ки ҳар ду кишварро ларзонд, зарурӣ аст. Миқдод дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: «ҳанӯз ҳеҷ ҳамоҳангие байни Сурия ва Туркия, ҳатто дар сатҳи башардӯстона вуҷуд надорад- ҳарчанд, ки ин ҳамоҳангӣ зарурӣ ва лозим аст.»

Миқдод ҳамчунин гуфт, ки таҳримҳо алайҳи Сурия «фоҷиаро бадтар кард» зеро ин кишвар наметавонд кумакҳои башардӯстона дарёфт кунад. Вазирхорҷаи Сурия дар ин иртибот гуфт: «бисёре аз кишварҳо ба Сурия кумак ирсол кардаанд ва мо аз ҳамаи раҳбароне, ки бо мо тамос гирифтанд, тасалият гуфтанд ва иродаи худро барои кумак ба мо иброз карданд, ташаккур мекунем… шароит бисёр сахт аст ва сарфи назар аз мизони кумакҳои ирсол шуда ба Сурия, кумакҳои Аврупо ниёзе ба дархост ва брукросӣ надорад, зеро кумакҳои башардӯстона мшмули таҳрим нест. Кумакҳои башардӯстона мутобиқи қавонини байналмилалӣ мшмули таҳрим намешванд, бинобар ин баҳонае барои кумак накардан вуҷуд надорад.»

Ҳамчунин ожонси имдод ва кори Созмони Милал барои оворагони Фаластинии (UNRWA) эълом кард, ки ҳадди ақал 57 ҳазор паноҳҷуи Фаластинии таҳти таъсири заминларзаи вайронгари Туркия қарор гирифтаанд. Ин ниҳоди вобаста ба Созмони Милал ҳамчунин 2.7 миллион доллар кумаки башардӯстона барои кумак ба Фаластиниҳое, ки таҳти таъсири заминларза қарор гирифтаанд, дархост кардааст.

Тамара Ал-Рифай, мудири равобити хориҷӣ ва иртибототи UNRWA дар Сурия дар баёнияе дар ин веб-сайт гуфт: «ба унвони як дархости фаврӣ: UNRWA барои ҳимоят аз ҳудуди 57000 паноҳҷуи Фаластинии осеб дида аз заминларза дар Сурия ба 2.7 миллион доллари Амрико ниёз дорад.»

Рӯзи душанбе, заминларзае ба бузургии 7.8 дараҷа ҳамроҳ бо чандин пас ларзаи қавӣ ва ба думболи он заминларзаи дигаре, бахшҳое аз Туркия ва Сурияро ларзоанд ва ҳазорон хонаро вайрон кард.

Ҳамчунин ин заминларза дар кишварҳои Фаластин, Ироқ, Урдун, Миср, Арабистони Саудӣ ва бахшҳое аз Украина ва Аврупо аз ҷумла Юнон, Булғория ба сабт расид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад