Эҳтимоли арзонтар шудани нархи ҳаҷ дар Тоҷикистон

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон раванди ташаккули нархи сафар барои зиёрати хонаи Худо дар соли равонро тавзеҳ дод.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон раванди ташаккули нархи сафар барои зиёрати хонаи Худо дар соли равонро тавзеҳ дод.

Нархи ҳаҷ дар соли равон ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо эҳтимол он дар қиёс бо соли гузашта каме поин равад.

Ин нуктаро раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, Сулаймон Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт.

Ба гуфтаи ӯ, чунин эҳтимолият вуҷуд дорад, чун маҳдудиятҳои марбути пандемияи коронавирус, ки хароҷоти иловагӣ доштаанд, лағв гардиданд.

Давлатзода изҳор дошт, ки нархи ниҳоӣ ҳанӯз мушаххас нашудааст, чун арзиши хадамоте, ки дар Арабистони Саудӣ ироа мегарданд, ҳанӯз ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод нашудаанд.

Вай афзуд, дар пайи дастрас намудани нархҳо, Кумитаи дини Тоҷикистон нархи ниҳоиро ба Хадамоти зиддиинҳисории кишвар пешниҳод хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта нархи ҳаҷ барои ҳар зоири тоҷик 61 ҳазор сомонӣ ва ё 5350 доллар муайян шуда буд.

Кумитаи дин мегӯяд, маблағи мазкур асосан барои билети ҳавопаймо, меҳмонхонаҳо дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, се вақт таъмини хӯрок, қурбонӣ, хидматрасонӣ дар машоир – Мино, Арафот ва Муздалифа сарф мешавад.

Харҷ барои нақлиёт аз Ҷидда ба Макка ва аз Макка ба Мадина ё баръакс, боҷи давлатӣ, хидматрасонии роҳбаладон ва аъзои гурӯҳи корӣ, хидматрасонии тиббӣ ва харидории доруворӣ, суғурта ва дигар хидматрасонии ҷорӣ аз таркиботи дигари нарх ҳаҷ арзёбӣ шуданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ба нақл аз “Азия-Плюс”, Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи  дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфтааст, ки созишнома ҳафтаи гузашта замоне ба имзо расид, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати Сулаймон Давлатзода, раиси ин кумита дар Арабистони Саудӣ қарор дошт.

Сухангӯи Кумитаи дин гуфт, харҷи сафари Ҳаҷ баъди дарёфти феҳристи зиёраткунандагон аз шаҳру навоҳии кишвар маълум хоҳад шуд.

Гуфта шуд, ки имсол Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳоро оид ба маросими Ҳаҷ бекор карда, мутаносибан шумори квотаҳо барои зойирини кишварҳои гуногун боз ба сатҳи то пандемия бозгардонида шуд.

Дар пасманзари пандемия, мақомоти Арабистони Сайдӣ дар солҳои 2020 ва 2021 танҳо теъдоди маҳдуди зоирин ва дар соли 2022 1 миллион нафарро иҷозат доданд то ба зиёрати Ҳаҷ раванд. Дар ҳамин ҳол, дар соли 2022 танҳо афроди аз 18 то 65 сола, бо эмгузаронии пурра аз коронавирус, бидуни бемории музмин метавонанд ба Ҳаҷ сафар кунанд.

Афшини Муқим гуфт: “Дар сурати авҷи дубораи бемории коронавирус, эҳтимоли ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо мавҷуд аст”.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 3,5 ҳазор квота ҷудо карда буд. Нархи сафари Ҳаҷ барои ҳар як зоирин соли гузашта беш аз 60 ҳазор сомониро ташкил медод.

Тибқи маълумоти тахминӣ, мавсими ҳаҷҷи имсола 19-уми июн оғоз мешавад. Рӯзи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазон ва давраи ҳаҷро Шӯрои уламои Тоҷикистон эълон хоҳад кард.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад