17 кушта ва даҳҳо захмӣ дар таркиши масҷиди Пешовар

Дар ҳодисаи террористӣ дар масҷиде дар Пешовари Покистон ҳадди ақал 17 нафар кушта ва 90 нафари дигар захмӣ шуданд.

Як мақоми полиси Покистон эълон кард, ки зуҳри имрӯз душанбе дар масҷиде, ки теъдоди зиёде аз мардум барои хондани намоз дар он ҷамъ шуда буданд, дар шаҳри Пешовар дар шимоли ғарбии Покистон таркише рух дод.

Сикандар Хон, яке аз мақомоти полис гуфт, бахше аз сохтимон фурӯрехтааст ва гумон меравад чандин нафар дар зери он бошанд.

Муҳаммад Осим, сухангуи бемористони Лиди Ридинг дар Пешовар гуфт, ки онҳо 90 захмиро пазириш кардаанд, ки ҳоли бархе аз онҳо вахим аст.

Телевизиони Покистон (GEO TV) гузориш дод, ки дар ин таркиш то ҳол марги ду неруи полис таъйид шудааст. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, муҳоҷими террористе, ки дар ҳангоми намоз дар сафи аввал қарор доштааст худро тарконда ва даҳҳо нафар аз намозгузоронро, ки дар ҳоли иқомаи намози зуҳр буданд ҳадаф қарор додааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад