Даргирии хушунатомези полису тазоҳуроткунандагон дар Порис

Тазоҳуроти эътирозомези мардуми Порис, пойтахти Фаронса дар эътироз ба ислоҳи қонӯни бознишастагӣ дар ин кишвар, бо даргирӣ бо полис ҳамроҳ буд.

Бар асоси гузоришҳо, тазоҳуроткунандагон иқдом ба оташ задани сатилҳои зубола карда ва чароғҳои роҳнамоиро шикаста ва ба партоби маводи оташзо ба сӯи полис пардохтанд.

Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки муътаризон шишаҳои теъдодӣ аз банкҳоро шикаста ва ба теъдоде аз банкҳо осеб задаанд.

Қарор аст моҳи ояндаи порлумони Фаронса баҳси муҳимме дар бораи тарҳи ислоҳоти қонӯни бознишастагӣ, ки бо мухолифати аксарияти аҳзоби мухолифи давлат рӯбарӯ шуда, дошта бошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад