Имзои тавофуқнома байни Тоҷикистону Анҷумани байналмилалии тавсеа

Вазорати молияи Тоҷикистон аз имзои 4 тавофуқнома барои дарёфти кумаки молӣ байни ин кишвар ва Анҷумани байналмилалии тавсеа хабар дод.

Вазорати молияи Тоҷикистон аз имзои 4 тавофуқнома барои дарёфти кумаки молӣ байни ин кишвар ва Анҷумани байналмилалии тавсеа хабар дод.

Ба нақл аз манобеи хабарӣ, Тоҷикистон ва Анҷумани байналмилалии тавсеа 4 тавофуқнома ба имзо расонданд, ки бар асоси онҳо ба Тоҷикистон 116.5 миллион доллар кумаки молӣ ироа хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш, ин аснод тавассути Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Озан Сувимли, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар ин кишвар ба имзо расиданд.

Тарҳи сохторҳо ва пояҳои пружаи тиҷории нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба манзури афзоиши пойдории зистмуҳитӣ, иҷтимоӣ, шафофият ва ҳимоят аз иҷрои он, пружаи ҳимоят аз сиёсати тавсеаи субот ва пойдории Тоҷикистон бо ҳадафи кумак ба давлати ин кишвар дар ростои тақвияти сиёсати субот ва пойдории тавсеа аз тариқи беҳбуди шароити сармоягузорӣ барои бахши хусусӣ, тақвияти бахши кишоварзӣ ва иқдомоти фаврӣ барои ҳалли буҳрони ғизоӣ дар Тоҷикистон ва қарордоди ироаи пешпардохт барои таҳия ва омодасозии мутолеаи имконсанҷии пружаи сохти як нерӯгоҳи хусусии хуршедӣ дар вилояти Суғд аз муҳимтарин мавзуи ин тавофуқномаҳо ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад