Донишҷӯёни қаззоқ рекорддори таҳсил дар донишгоҳҳои АвруОсиё

 Ба гуфтаи таҳлилгарони Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, саҳми Қазоқистон дар муҳоҷирати таҳсилии ин иттиҳодия ба 65 дарсад расидааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарони Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, саҳми Қазоқистон дар муҳоҷирати таҳсилии ин иттиҳодия ба 65 дарсад расидааст.

Таҳлилгарони Комиссияи иқтисодии АвруОсиё эълом карданд Қазоқистон бештарин донишҷӯ дар дигар кишварҳои Иттиҳоди АвруОсиё дорад.

Таҳлилгарони ин комиссия бо ишора ба саҳми 65 дарсадии ҳузури донишҷӯёни Қазоқистони дар кишварҳои АвруОсиё, мизбони аслӣ дар миёни кишварҳои иттиҳоди мазкурро Русия унвон кардааст, ки 88.5 дарсад аз кулли донишҷӯён (моил ба таҳсил дар хориҷ) аз ин иттиҳодия дар донишгоҳҳои ин кишвар таҳсил мекунанд.

Дар 4 соли гузашта теъдоди донишҷӯёни қаззоқ, ки донишгоҳҳои Русияро интихоб кардаанд 7 дарсад коҳиш ва дар соли ҷории таҳсилӣ ба 6ҳзору 104 нафар расидааст.

Ба ин тартиб саҳми қазоқистониҳое, ки ба Русия барои таҳсил сафар кардаанд 10.3 дарсадро ташкил медиҳад.

Ба изои ҳар 1 донишҷӯи хориҷе, ки дар Қазоқистон таҳсил мекунанд, 2 донишҷӯи қаззоқ дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд.

Дар донишгоҳҳои Қазоқистон бештарин донишҷӯёни хориҷӣ аз Узбакистон ва Ҳинд ҳастанд, ки узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нестанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад