Юнон: Барои бадтарин сенария муқобили Туркия омода ҳастем

Муовини вазорати дифои Юнон гуфт: неруҳои мусаллаҳи Юнон барои ҳар сенария муқобили Туркия омода ҳастанд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, муовини вазорати дифои Юнон бо ишора ба афзоиши қудрати неруҳои мусаллаҳи ин кишвар гуфт, ки Афина барои ҳар сенария муқобили Туркия омодааст.

Ба навиштаи вебгоҳи “Юнон Сити Таймс”, “Никас Хардалия”, муовини вазорати дифои Юнон рӯзи чаҳоршанбе ба лаффозиҳои Туркия ва сармоя гузории давлати Юнон дар заминаи низомӣ ишора кард.

Никас Хардалия изҳор дошт, ки маъмурияти “Криакас Митсотакис”, нахуст вазири Юнон сохти қавитарин неруҳои мусаллаҳ дар таърихи давлати Юнон будааст. Вай аз хариди се новча ва 24 фурванд ҷангандаи “Рафал” аз Фаронса ишора кард ва афзуд, ки Юнон дар соли 2023, новгони ҷангандаи “F-16”, неруи ҳавоӣ худро иртиқо медиҳад.

Раиси ҷумҳури Туркия рӯзи шанбе бо таҳдиди муҷаддади Юнон изҳородошт, ки Туркия натанҳо аз даврони сахт ҷони солим ба дар бурда, балки дар ҳаракат ба ҷилав қасд дорад бурди мушаки дохилии худро аз 565 километр ба 1000 километр бирасонад.

Раиси ҷумҳури Туркия гуфт: «озмоишҳо аз “Измир” дар ҳоли анҷом аст ва мушаке, ки аз онҷо партоб шавад мумкин аст Юнониҳоро битарсоанд.»

Ба навиштаи “Gren City Times”, муовини вазорати дифои Юнон дар бораи лаффозиҳои Туркия низ гуфт: «саъй намекунем ҳадс бизанем пушти ҳар намоиши ҷадиди густохии Туркия чӣ чизе пинҳон шудааст. Мо ба таври пайваста ба барномарезӣ идома медиҳем ва ҳамеша барои ҳар сенария, аз ҷумла бадтарин сенарияи мумкин омодаем.»

Як расонаи юнонӣ рӯзи сешанбе навишт, ки хариди ҷангандаҳои пешрафтаи «F-35» аз Амрико тавассути Юнон, бартарии ҳавоӣ ва фановарии қобили таваҷҷӯҳе барои ин кишвар дар тақобули бо Туркия эҷод мекунад.

Вебгоҳи “Greek Reporters” навишт, хариди ҷангандаи F-35 ҳамроҳ бо хариди шуморе ҷангандаи насли чаҳор ва ним «Рафал» аз Фаронса ва иртиқоъ бахшии умдае аз новгони ҷангандаи «F-35» ба неруи ҳавоӣ Юнон кумаки қобили таваҷҷӯҳе карда ва бартарии фановариро бар Туркия таҳмил мекунад. Туркия ҳатто агар қарордоди ба рӯз расонии F-16-ро бо Амрико иҷро кунад, боз ҳам Юнон бо ин харидҳо аз Туркия сибқат хоҳад гирифт

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад