Таркиш дар наздикии Вазорати хориҷаи Афғонистон

Дар пайи таркиш дар наздикии Вазорати умури хориҷаи Афғонистон 20 нафар кушта шуданд.

Манобеи хабарӣ шумори талафоти таркиши асри рӯзи гузашта дар муқобили Вазорати умури хориҷаи Афғонистонро 21 куштаву 40 захмӣ эълон карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Толибон омори кушташудагонро 5 нафар эълон кардаанд.

Бархе манобеи хабарӣ ҳам эълон карданд, ки дар пайи ҳодисаи мазкур дар Кобул 7 нафар кушта шуданд.

Тибқи эълони беморхонаи Кобул, 40 захмӣ ба ин маркази дармонӣ интиқол дода шудаанд.

Масъулияти ин таркишро гуруҳи террористии ДИИШ бар уҳда гирифтааст.

ДИИШ дар хабарномааш ҳадаф аз ин ҳамларо барҳам задани мулоқоти дипломатони хориҷӣ бо Толибон унвон кардааст.

Ба гуфтаи бархе аз манобеъ, ин таркиш ҳангоме рух додааст, ки ҳайате аз дипломатони чинӣ дар вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон ҳузур доштаанд.

Намояндаи Толибон чанд соат пас аз ин ҳамла, онро кори «душманони низоми исломӣ» хонд ва ваъдаи интиқом дод.

Тайи як моҳи гузашта ин чандумин ҳамлаи ДИИШ бар маконҳои дипломатик дар Кобул аст. Пеш аз ин, гурӯҳи ДИИШ дар наздикии сафоратхонаҳои Русия ва Покистон низ таркиш анҷом дода буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад