Афзоиши 6 баробарии теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар Хатлон

Танҳо дар соли 2022 дар вилояти Хатлон 132 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ бунёд гардидаанд.

Танҳо дар соли 2022 дар вилояти Хатлон 132 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ бунёд гардидаанд.

Шумораи корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба 716 адад расонда шуд, иттилоъ дод ноиби раиси вилоят, Заробиддин Файзуллозода дар суҳбат бо нашрияи “Хатлон”.

Ба иттилои манбаъ ин нишондод дар қиёс бо аввали солҳои 2000-ум қариб 6 баробар зиёд мебошад.

Файзуллозода таъкид кардаст:

“Шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 128 адади соли 2000- ум ба 716 адад дар соли 2022 расидааст, ки 5,6 маротиба зиёд мебошад”.

Ноиби раиси Хатлон илова намудаст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ танҳо дар соли 2022 дар вилоят 132 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ бунёд шудаанд.

Ноиби раиси вилоят гуфт:

“Айни замон 716 корхона ва 892 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ, кӯҳкорӣ, сабук, масолеҳи сохтмонӣ, кимиё, дӯзандагӣ, истеҳсоли ришта ва нахи пахта ва дигар соҳаҳои саноати вилоят ба роҳ мондаанд”.

Дар мавриди ҳаҷми истеҳсолот зикр гардидаст, ки дар 11 моҳи соли 2022 корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи беш аз 9,5 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Тавлидотро мутаносибан дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2021 бо нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 15,5% ё наздики 1,4 млрд сомонӣ таъмин намудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ, дар 5 соли охир дар Тоҷикистон 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав ба истифода дода шудаанд. Мақомот мегӯянд, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ дар кишвар фаъолият дошт.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 86 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ таъсис ёфт.

Шавкат Маҳмадализода, мудири шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод, ки дар соли гузашта бунёду навсозии беш аз 60 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба нақша гирифта шуда буд.

Вай гуфт дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Фархор, Бохтар, Кӯлоб, Хуросон, Норак, Темурмалик, Восеъ, Дӯстӣ, Левакант, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ховалинг, Панҷ, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Шаҳритус, Қубодиён, Ҷайҳун, Вахш, Муъминобод ва Носири Хусрав корхонаву коргоҳҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, насоҷҷӣ ва сохтмонӣ ба фаъолият шуруъ карданд.

Дар баробари ин, тадбирҳои андешида имкон доданд, ки соли сипаришуда аз 34 корхонаи саноатии аз фаъолият бозмонда 13-тои он фаъолияташро барқарор кард.Ёдовар мешавем, ки мақомоти вилояти Хатлон пештар хабар дода буд, ки бахши саноати вилоят соли гузашта ба маблағи 10,2 миллиард сомонӣ тавлидот доштааст. Соли сипаришуда маҳсулоти саноатӣ ба 222 номгӯ расид.

Қайд мешавад, ки корхонаҳои нассоҷии вилоят бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда 2 миллиарду 390,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли пеш зиёд мебошад.

Мувофиқи омори расмӣ, маҳсулоти хӯрока ва нӯшокиҳо дар вилоят нисбат ба як соли пеш 132,7 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, ба 1,5 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки истеҳсоли нерӯи барқ нисбат ба соли пеш 654,5 миллион кВт-соат афзоиш ёфт, ин дар ҳолест, ки камбуди барқ ва мушкилоти барқӣ, яке аз муҳимтарин дағдағаҳои мардуми тоҷик мебошад ва мақомот дидаву дониста барқро ба кишварҳои дигар содир мекунанд, дар ҳоле, ки мардум аз бебарқӣ дар ранҷу азоб мебошанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад