Ҳаёти Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ намунаи ҷонфишонӣ барои манфиатҳои миллӣ аст”

Раиси Ҳизби Ваҳдати Миллии Русия дар иҷлоси Теҳрон гуфтааст: "ҳаёти Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ намунаи ҷонфишонӣ барои манфиатҳои миллӣ мебошад.

Раиси Ҳизби Ваҳдати Миллии Русия: Ҳаёти Ҳоҷ Қосим намунаи ҷонфишонӣ барои манфиатҳои миллӣ аст.

Раиси Ҳизби Ваҳдати Миллии Русия дар нахустин нишасти байналмилалии мактаби Шаҳид Сулаймонӣ изҳор дошт: “Сардор Сулаймонӣ барои мо намунаи ибрат аст ва зиндагии ӯ нишон медиҳад, ки мо бояд худро барои эътиқод ва манофеи миллат қурбон кунем.”

Сергей Бабурин, раиси Ҳизби ваҳдати миллии Русия, дар ифтитоҳи ин нишаст дар толори иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон гуфт: “Шаҳид Ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ барои расидан ба адолат бо шайтон ба ҷанг рафт ва бо режими саҳюнистӣ муқобила кард. Русия бар ин назар аст ва ин имонро дорад, ки Исроил дар минтақа нобуд карда шавад ва Фаластин сарзамини фаластиниён бошад.”

Вай афзуд: “Шаҳид Сулаймонӣ барои мо намуна аст ва ба тамоми ҷаҳон собит кард, ки низоми ҷаҳонии террористӣ ба раҳбарии Амрико фаъол аст.”

Сергей Бабурин изҳор дошт: “Ҳаёти Қосими Сулаймонӣ нишон медиҳад, ки мо бояд худро барои эътиқод ва манофеи миллат қурбон кунем, дар ҳоле ки Ғарб баръакси ин масъала амал мекунад.”

Ин фаъоли сиёсии Русия гуфт: “Қосими Сулаймонӣ барои рушди адолат ҷони худро аз даст дод ва ин масъала метавонад барои насли нави муҷоҳидин дар оянда намуна бошад.”

Ёдовар мешавем, ки нахустин нишасти байналмилалии мактаби Шаҳид Сулаймонӣ бо шиори “Шаҳид Сулаймонӣ, қаҳрамони ҷаҳонии муқовимат” ба муносибати севумин солгарди шаҳодати генерал Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ бо пахши суруди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва қироати Қуръони Карим дар толори иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон оғоз ба кор кардааст.

Ин нишаст дар Теҳрон бо ҳузури шахсиятҳои байналмилалӣ ва фаъолони муқовимат аз саросари ҷаҳон баргузор шуда ва пас аз ду рӯз ба кори худ поён медиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад