Боздошти даҳҳо муътариз ба марги Абдуқаҳҳор Розиқов дар Кӯлоб

Мақомоти пулиси Кӯлоб ба боздошти онҳое шурӯъ кардаанд, ки дар эътироз ба марги Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола фаъол будаанд.

Мақомоти пулиси Кӯлоб ба боздошти онҳое шурӯъ кардаанд, ки дар эътироз ба марги Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола фаъол будаанд.

То ҳол ба гуфтаи як иштирокчии эътирози имрӯз, ки мегӯяд аз пулис пинҳон шудааст, ҳудуди 20 нафар боздошт шуда ва бархе ба Душанбе интиқол дода шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ ду-се нафар аз боздоштудагонро мақомот баъди дахолати хешу табори мансабдорашон раҳо кардаанд, аммо тақдири боздоштшудаҳои боқимонда маълум нест.

Гуфтанист субҳи имрӯз Розиқов баъди дастгир шуданаш аз тарафи кормандони пулис ба ҳалокат расида ва наздиконаш мегӯянд марги ӯ бар асари шиканҷаи будааст.

Дар эътироз ба куштори бераҳмонаи Абдуқаҳҳор Розиқов садҳо нафар дар назди мурдахонаи Кӯлоб ҷамъ омада, аз мақомот талаб карданд кормандони пулис, ки дар марги ӯ даст доранд боздошт ва муҷозот шаванд. Дар ҳоле, ки мардум аз мақомот муҷозоти омилони марги Абудқаҳҳорро талаб мекард, Вазорати корҳои дохила бо пахши иттилоъияе марги ӯро натиҷаи истеъоли аз ҳад зиёди маводи мухаддир эълом кард.

Вазорат даъво дорад, ки “пеш аз дастгир шудан шаҳрванд Розиқов А.И. маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) истеъмол намуда буд ва дар вақти ба Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон дастрас намудан дар роҳ номбурда бинобар сабаби истеъмол намудани теъдоди зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) ба ҳалокат расид”.

Вазорат ҳамчунин Розиқовро ба фурӯши маводи маводи мухаддир муттаҳам кардааст. Гӯё ин ниҳод як сокини Ҳисорро ҳангоми фурӯши маводи мухаддир дастгир намуда ва ӯ баёнот додааст, ки ҳашишро аз Розиқов харидааст. “Аз нишондодҳои дастгиршуда Пиронов А.С. маълум карда шуд, ки номбурда маводи нашъадори мазкурро аз шаҳрванд Розиқов Абдуқаҳҳор Исроилович, соли таваллудаш 28.02.1986, миллаташ тоҷик, сокини шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Даминзода, хонаи 289, муҷаррад, соҳиби 2 фарзанд, пеш бо моддаи 200 қисми 3 КҶ ҶТ суд шудааст, ба маблағи 5000 сомонӣ харидорӣ намудааст”.

Имрӯз мақомот ба назди эътирозгарон баромада ваъда карда буданд, ки ҳамаи омилони марги Розиқов ҷазо хоҳанд дид. Ҳамчунин аз назди издиҳом се корманди пулисро, ки даст ӯро боздошт ва шиканҷа карда буданд, бо застҳои завлонашуда убур додаанд. Аммо баробари пароканда шудани мардум шурӯъ ба амлиёти таъқиб ва оздошти фаъолон намудаанд.

Як манбаъи дигар мегӯядд се корманди пулис, ки аз онҳо Шамшод, Зафар ва Ҷамшед Кароматов ном бурда мешавад, ҷасади Розиқовро ба беморхона бурда аз табибон талаб мекунанд ӯро ба ҳайси бемор қабул кунанд. Аммо яке аз табибон бо даст гузоштан ба набзи Абдуқаҳҳор мегӯяд “ӯ кайҳо мурдааст”.

Бо вуҷуди фишори се кормнади пулис табибон аз қабули ҷасад худдорӣ мекунанд ва онҳо ӯро ба мурдахона мебаранду аз табибони онҷо талаб мекунанд ҳарчи худтар ҷасадро бишкофанд. Ҳанӯз шикофтани ҷасад ба анҷом нарасида наздикони Абдуқаҳҳор меоянд ва ба мурдахона ворид мешаванд.

Ин манбаъ навореро ҳам ба нишонии Паём ирсол кард, ки дар он ҷасади Абдуқаҳҳор Розиқови синашикофта дида мешавад. Дар чанд ҷои бадани ӯ осори шиканҷа дида мешавад.

Ин манбаъ мегӯяд мақомоти корҳои дохилаи минтақаи Кӯлоб ба пешгирӣ аз эътирозоти эҳтимоли мардум фардо субҳ омодагӣ мебинанд. Дар ҳамин ҳол, нафарони зиёде тасмим дорад фардо ба майдон бирезанд ва раҳоии боздоштшудагони ҷавобгарии қотилонро талаб намоянд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад