Насруллоҳ: ИМА дар террори шаҳид Сулаймонӣ ба ҳеҷ ҳадафаш нарасид

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон дар солрӯзи шаҳодати Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва ноиби раиси Ҳашдушшаъбии Ироқ гуфт, ҳеҷ яке аз аҳдофи Амрико аз ин террор ба даст наомад, балки натиҷаи баръакс дод.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар солгарди шаҳодати Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва Абӯмаҳдӣ Муҳандис, муовини раиси Созмони Ҳашдушшаъбии Ироқ суханронӣ кард.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон пас аз табрикот нахуст аз мубтало шудани зуком ёдовар шуд ва гуфт: “Барои он чи дар чанд рӯзи гузашта рух дод, аз тамоми мухлисонам узр мехоҳам. Ман фикри шуморо машғул кардамю Ман аз ҳамаи онҳое, ки бароям дуо карданд, ташаккур мегӯям.”

Вай ҳамчунин аз сарусадоҳо ва шоеаҳое, ки расонаҳои Саудӣ ва саҳюнистӣ дар бораи саломатии ӯ паҳн кардаанд, ёдоварӣ кард ва афзуд: “ҳеҷ чиз барои нигаронӣ нест ва мехоҳам ба шумо ин итминонро бидиҳам. Дар 30 соли гузашта ман дар минтақаи ной каме аллергия доштам ва вақте Сайид Аббос шаҳид шуд, ба ин далел дар бемористон бистарӣ шудам”.

Ҳоҷӣ Қосим сарбози вилоят буд

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар идома гуфт: “мавлуди ҳазрати Масеҳ(а) ва соли навро табрик мегӯям ва умедворам, ки соли нав барои Лубнон ва тамоми мардуми минтақа як соли пур аз баракатҳо ва соли кушодашавӣ ва умедворӣ бошад. Чанд рӯз пеш солгарди шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ва солгарди даргузашти теъдоде аз уламо, аз ҷумла Оятуллоҳ Шайх Мисбоҳи Яздӣ, Алломаи шаҳид Шайх Немер ан-Немерро ҳам доштем. Дар рӯзҳои гузашта ҳам мо чанде аз наздиконамонро аз даст додем, ки ба онҳо таслият мегӯям.”

Сайид Ҳасан Насруллоҳ бо ишора ба даргузашти Аллома Насими Атавӣ ва изҳори ҳамдардӣ ба хонаводаи ӯ афзуд: Ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ тайи ду даҳсолаи ахир фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон буд. Ҳангоме ки Ҳоҷ Қосим вориди майдонҳои мо шуд, се хислат дошт; пеш аз ҳама, хислаташ ба поквиҷдонӣ ва самимияташ ва дараҷаи баланди тақво ва хоҳиши дидори Худост. Хусусияти дувум ин аст, ки ӯ сарбози вилоят буд ва он чи дар риёзат ва стратегияҳои ибтидоӣ анҷом додааст, тибқи аҳкоми валӣ, яъне Имом Хоманаӣ буд. Ҳоҷӣ Қосим яке аз гузинаҳои пешниҳодшуда барои раёсатҷумҳурии Эрон буд, аммо ӯ инро рад кард ва боқӣ мондан дар фаъъолияти ҷиҳодиро тарҷеҳ дод. Ҳоҷӣ Қосим генерали вилоят набуд, сарбози вилоят буд ва хостааст, ки бар сари қабри ӯ “сарбози вилоят” нависад. Ӯ ҳамин тавр зиндагӣ мекард.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ афзуд: “Мутаассифона, баъзеҳо то ҳол бар ин назаранд, ки кишварҳои узви Меҳвари Муқовимат танҳо тобеъи Эрон ҳастанд; Аммо ин аслан чунин нест, балки онҳо қудратҳое ҳастанд, ки ба ватан ва муқаддасоти худ бовар доранд ва Ҳоҷ Қосим ба кумакашон омадааст. Ҳоҷ Қосим тавонист бо ақл, заковат, ҳузури доимӣ ва самимияти худ гурӯҳҳои асосии муқовиматро ҳамоҳанг ва пайваст кунад. Ӯ ба ҳар яке аз ин қудратҳо даромад ва қудрати онҳоро дучанд кард. Ҳоҷ Қосим аз ҷиҳати моддӣ ва фикрӣ аз онҳо пуштибонӣ карда, бо вохӯриҳо ва ҳузури мустақим дар сафи пеши онҳо умед мебахшид.

Ҳоҷ Қосим бо ду модели тарҳи Амрико дар минтақа муқобила кард

Сайид Ҳасан Насруллоҳ ҳамчунин таъкид кард: Ҳоҷӣ Қосим дар ду даҳаи ахир бо ду модели тарҳи Амрико дар минтақа муқобила кард. Тарҳи Амрико дар минтақа нақшаи гегемония, ҳукмронӣ ва гирифтани ҳама чиз буд ва Исроил дар меҳвари ин тарҳ буд. Нахустин намунаи тарҳи Амрико дар минтақа, ки Сулаймонӣ ва дигар фармондеҳони шаҳид бо он рӯбарӯ шуданд, тарҳи “Ховари Миёнаи нав” дар Лубнон ва Фаластин буд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар идома гуфт: “Нусхаи аввали тарҳи Амрико дар соли 2001, пас аз ба қудрат расидани Ҷорҷ Буш оғоз шуд. Тибқи маълумоти нашршуда, Афғонистон дар ин нақша набуд. 11 сентябр як такони ин нақшаи Амрико барои вуруд ба Афғонистону Ироқ ва наздик шудан ба Эрону Сурия буд. Ҳадаф қарор додани муқовимат дар Фаластин ва Лубнон соли 2006 оғоз шуда буд. Ишғол ва таҳмили нерӯҳои бисёрмиллат дар фурудгоҳҳо, бандарҳо ва марзҳо аз ҷумлаи чизҳое буд, ки ин нақша талаб мекард.”

Сайид Ҳасан Насруллоҳ гуфт: “Маҳз дар ҳамин ҷо Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ ба унвони фармондеҳ вориди хатти ҷабҳа шуд. Эрон ва Сурия муқовимат карданд ва устувор монданд ва ин гуна душман дар ҷанги июл шикаст хӯрд. Агар ҷанги саҳюнистӣ алайҳи Лубнон пирӯз мешуд, ин ҷанг алайҳи Сурия низ идома пайдо мекард; Сайид Ҳасан Насруллоҳ гуфт: “Маҳз дар ҳамин ҷо Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ ба унвони фармондеҳ вориди хатти ҷабҳа шуд. Эрон ва Сурия муқовимат карданд ва устувор монданд ва ин гуна душман дар ҷанги июл шикаст хӯрд. Агар ҷанги саҳюнистӣ алайҳи Лубнон пирӯз мешуд, ин ҷанг алайҳи Сурия низ идома хоҳад дошт; Аммо ин тавр нашуд ва дар ин чо шахид Сулаймонй вориди майдон шуд. Гурӯҳҳои шиъа ва суннӣ дар Ироқ бо нирӯҳои ишғолгар самимона меҷангиданд ва амалиёт дар он рӯзҳо аъло буд. Онхо як барномаи замонӣ барои ақибнишиниро ба нерӯҳои ишғолгар таҳмил карданд; аммо вақте ки онҳо таъхир карданд, амалиёт шиддат гирифт, то ниҳоят ин хуруҷ бар онҳо таҳмил шуд.”

Моделхои якум ва дуюми плани америкоӣ бар бод рафтанд

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ афзуд: “Агар муқовимат дар Ироқ, суботи Эрону Сурия ва муқовимат дар Лубнон ва Фаластинро гирд оварем, натиҷа ин аст, ки модели аввали тарҳи Амрико поён ёфт ва ноком шуд. Натиҷаи аввалин модели тарҳи Амрико ин буд, ки Трамп маҷбур шуд, ки пинҳонӣ ба Ироқ равад, ки худаш эътироф кард, бо вуҷуди он ки Иёлоти Муттаҳида барои модели аввал ҳафт триллион доллар сарф кардааст. Агар Эрон чунин мавқеъ намегирифт, Сурия муқовимат намекард, дар назари миллатҳо иродаи муқовимат вуҷуд надошт ва Амрико минтақаи моро ишғол мекард, чӣ мешуд?!”

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар идома ба намунаи дуввуми тарҳи Амрико ишора кард ва гуфт: “нусхаи дуввум аз Обама оғоз шуд ва онҳо дарк карданд, ки ҷангҳои густарда ноком мешаванд.” Онҳо фаҳмиданд, ки такя ба Исроил нокомӣ дар ҷангҳост. Муттаҳидони Амрико дар минтақа вақте диданд, ки Амрико аз Зайнулобидин бин Алӣ (дар Тунис) ва Ҳуснӣ Муборак (дар Миср) пушти сар гузоштааст, ба даҳшат афтоданд. Обама ва одамони баъд аз ӯ модели дуюми нақшаи Амрикоро пайравӣ карданд. Дар варианти дувуми тарҳи Амрико, ҷангҳо ба тавре ки мардум бо ҳам меҷангиданд ва такфириён ворид мешуданд, дар натиҷа ҷанг шакли қабилаӣ гирифт.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон афзуд: “Дар модели дуввуми тарҳи Амрико, Сулаймонӣ ва ал-Муҳандис ба таври ошкор иқдом карданд, зеро онҳо бояд дар майдон ҳозир мешуданд. Варианти дуввуми ин тарҳ низ ба далели муқовимат, субот ва ҳузури ин ду фармондеҳ Сулаймонӣ ва Ал-Муҳандис дар минтақа ноком шуд. Пас аз ин ду нокомии бузург ва таърихӣ, Трамп омад; Трамп дид, ки бояд бар зидди меҳвари муқовимат ҳамлаи қатъӣ анҷом диҳад ва ин террори фармондеҳон Сулаймонӣ ва Ал-Муҳандис буд. Ҳадафи ин террор шикастани камаи муқовимат, тарсондани ироқиҳо ва суст кардани аъзои меҳвари муқовимат дар Сурия, Эрон, Лубнон ва Фаластин буд. Мактаби Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ бо қудрат ба роҳам идома медиҳад. Ба мардум эълон мекунам, ки мактаби Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ ба лутфи ҷонишин ӯ ва… бо қудрат ба кори худу роҳи худ идома медиҳад.”

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар идома гуфт: “Нақшаҳои Иёлоти Муттаҳида бо ташйиъ ва дафни миллионӣ ва таърихии пайкари Шаҳид Сулаймонӣ натиҷаи баръакс дод. Маросими дафни пайкари Шаҳид Сулаймонӣ барои эрониён як рамзи илҳомбахш ва омили субот барои фармондеҳони эронӣ шуд. Нақшаи Амрико дар Ироқ низ бо баёнияи марҷаият ва ҳамбастагии содиқонаи тамоми қишрҳои ин кишвар ва тазоҳуроти миллионнафара дар Бағдод натиҷаи баръакс дод; тазоҳуроте, ки дар он мардум хостори ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ шуданд. Ҳеҷ яке аз ҳадафҳои Трамп ва Амрико аз террори шаҳид Сулаймонӣ амалӣ нашуд; Аммо аҳдофи шаҳид Сулаймонӣ, аз ҷумла дидори Худо ва дидори паёмбарону авлиёи Худо амалӣ шуд.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ишора кард: “дар Фаластин ҳам ҷангҳои Сайфулқудс ва Ваҳдатуссоҳот ва пойдории миллати Фаластин рӯй дод. Пас аз шаҳид шудани Сулаймонӣ нақшаи муомилаи қарн барҳам хӯрд ва Лубнон қоидаҳои боздорандаро муқаррар кард. Ин кишвар дар масъалаи кашидани хатҳои марзӣ низ пирӯз шуд.”

Модели сеюми тарҳи амрикоӣ ҷанги иқтисодӣ аст

Сайид Ҳасан Насруллоҳ гуфт: Модели сеюми нақшаи Амрико аз ҷанги иқтисодӣ оғоз шудааст, ки ба шарҳи бештар ниёз дорад. Девони нави саҳюнистҳо, ки девонахо дар он хузур доранд, бо иштибох ва аблаҳҳо анчоми ин режимро суръат мебахшад. Ҳамла ба Масҷидулақсо ва муқаддасоти ислом ва муқаддасоти масеҳиён дар Фаластин ва Байтулмуқаддас натанҳо вазъияти Фаластинро ба инфиҷор наздик мекунад, балки тамоми минтақаро мунфаҷир хоҳад кард. Мо бо ҳеҷгуна тағйир дар қоидаҳои даргирӣ ё ҳаргуна хадша ба вазъияти мавҷуд дар муҳофизат аз Лубнон дареғ нахоҳем кард.”

Президенти Лубнон набояд алайҳи муқовимат тавтиа кунад.

Дабири кулли Ҳизубуллоҳи Лубнон идома дод: “дар ҳақиқат нигоҳҳо ба ин кобинаи ҷадид саҳюнистҳо ва ба Фаластин, Қудс, Каронаи Бохтарӣ ва Масҷидулақсо дӯхта шудааст. Муқовимат дар Лубнон ниёз ба ҳимоят надорад, чизе ки мехоҳем раисҷумҳуре аст, ки аз мушт ба муқовимат ханҷар назанад ва алайҳи он тавтиа накунад, ки ин ҳаққи табиии мо аст. Раисҷумҳур бояд вижагиҳое дошта бошад, ки ман яке аз онҳоро баён кардам; инки алайҳи муқовимат тавтиа накунад ва аз пушт ба мо ханҷар назанад. Ин ҳаққи мо аст.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар бахше дигар эълом кард: “Онҳо таблиғ мекунанд, ки натиҷаи интихоботи раисиҷумҳур мунтазири натиҷаи музокироти ҳастаии Эрон аст. Чанд бор такрор кардем, ки ин гуфтаҳо беасос ва дуруст нестанд. Эрон ба корхои дохилии Лубнон ва ба корхои дохилии ягон мамлакати дигар дахолат намекунад. Ҳар касе, ки масъалаи интихоби раисиҷумҳурро ба музокироти ҳастаии Эрон рабт медиҳад, ҷоҳил аст. Ҳар касе мунтазири музокироти ҳастаии Эрон ва Амрико бошад, метавонад даҳсолаҳо интизор шавад, зеро мо бе президент мемонем. Эрон ба ҷуз ҳастаӣ дар ҳеҷ масъалае музокира накардааст, ҳарчанд Амрико дар пайи ворид кардани масоили дигар аст. “Ҳатто агар саудиҳо сари мизи музокира бо Эрон нишинанд, авлавияташон (халосӣ аз ҷанги) Яман аст, на Лубнон.”

Сайид Ҳасани Насруллоҳ дар бахши ниҳоии изҳороти худ бо ишора ба ихтилофоти аҳзоб дар ин кишвар ва ҳимояти Ҳизбуллоҳ аз муколама гуфт, дар суханронии ояндаи худ дар бораи модели саввуми тарҳи Амрико, яъне ҷанги иқтисодӣ сӯҳбат хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад