Нахустин вокуниши Ҳамос ба кобинаи тундрави режими саҳюнистӣ

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос эълом кард, миллати Фаластин ба муқовимати худ бо ишғолгарон ҳамеша идома хоҳад дод ва эълом кард, рӯи кор омадани кобинаи ҷадиди режими саҳюнистӣ вазъи сарзаминҳои ишғолшударо дар вазъияти муташанниҷ қарор медиҳад.

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), таъкид кард, муқовимат ва ваҳдати мардум авлавияти мардуми Фаластин дар муқовимат бо авлавиятҳои кобинаи нави режими саҳюнистӣ аст.

Ба гузориши сойти хабарии “Шаҳоб”, раиси дафтари сиёсии Ҳамос изҳор доштааст: “Ҳама бояд бидонанд, ки бархӯрди сиёсӣ ва ақлонии раҳбарони ишғолгар ва кобинаҳои онҳо, ба хусус [кобинаи кунунӣ] вазъи куллии сарзаминҳои ишғолиро дар вазъияти муташанниҷ қарор медиҳад.”

Исмоил Ҳания афзуд, сохтусози шаҳракҳо бо шиддат гирифтани муқовимат рӯбарӯ хоҳад шуд ва мизони ин муқовимат афзоиш хоҳад ёфт ва фишорҳо бо тамоми абзорҳо мавҷуд анҷом хоҳад шуд, то шаҳракнишинҳо ва режими ишғолгар аз тамоми хоки Фаластин решакан шаванд.”

Ҳания ҳамчунин таъкид кард, мардуми Фаластин – бахусус дар Байтулмуқаддас ва Каронаи Бохтарӣ – бо ҳимояти манотиқи дигари ин кишвар ба иқдомоти дифоъӣ ва муқовимати худ идома медиҳанд ва аз таҳдидҳои режими саҳюнистӣ тарс нахоҳанд дошт.

Дар охир раиси дафтари сиёсии Ҳамос низ изҳор дошт, ки миллати Фаластин бо убури тамоми марзҳо барои тарки сарзамини Фаластин ва Қудс режими ишғолгар ва шаҳракнишинҳоро ба ҳайрат меорад.

Кобинаи нав ва баҳсбарангези режими саҳюнистӣ ба раҳбарии “Бенямин Нетаняҳу” имрӯз (панҷшанбе) савганд ёд мекунад. Расонаҳои ибрӣ гузориш додаанд, ки кобинаи нави Нетаняҳу комилан аз аҳзоби рост ва унсурҳое иборат аст, ки аксари мухолифони Нетаняҳу онҳоро ифротгаро медонанд, ташкил шудааст.

Чанд рӯз пеш Нетаняҳу, ки тавофуқро бо ҷонибҳо дар бораи ташкили кобинаи вазиронро эълон кард, ишора кард, ки кобинаи нави ӯ комилан ростгаро хоҳад буд. Ин садои мухолифин дар дохил ва берун аз Фаластини ишғолшударо баланд кардааст. Ҳамзамон, ки ҳазорон нафар дар Фаластини ишғолшуда, аз ҷумла дар Тел-Авив ва Ҳайфа алайҳи Нетаняҳу ва кобинаи ҷадид тазоҳурот карданд, беш аз 300 хохом дар Амирко дар баёнияе эълом карданд, ки бо кобинаи Нетаняҳу мухолифанд ва аъзои аҳзоби саҳюнистӣ динӣ дар кобинаи ӯро аз саханронӣ дар парлимонҳо худ манъ хоҳанд кард ва ҳатто иҷоза намедиҳанд, ки онҳо вориди ҷамъи ин хохомҳо шаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад