Ҷамолиддин Нуралиев бо фармони Раҳмон аз ҳайати раёсати БМТ хориҷ шуд

Эмомал Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як фармон домодаш Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари духтараш Озодаро аз ҳайати раёсати БМТ хориҷ кард. Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора 13 декабри соли 2022, таҳти № 481 содир шуда ва дар сойти Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Домоди раисиҷумҳур, ки 7 сол ба ҳайси муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият карда ва амалан идораи бонки асосии давлатро зери контрол дошт, моҳи июни имсол аз вазифааш барканор шуда буд.

Тибқи фармони нави Эмомалӣ Раҳмон, Ҷамолиддин Нуралиев аз раёсати БМТ хориҷ ва ба ҷои ӯ ду нафар — Фирӯз Шарифзода ва Алиҷон Салимзодаро, муовинони нави раиси БМТ ба ҳайси аъзои ҷадиди раёсати бонк таъйин шудаанд.

Ҷамолиддин Нуралиев моҳи майи соли 2015 аз муовинати вазири молия ва муовинати Бонки миллӣ гузашт ва то июни 2022 онҷо кор кард. Моҳи июни соли ҷорӣ бо фармони падарарӯсаш, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва розигии ниҳоди таҳти контроли додарарӯсаш Рустами Эмомалӣ — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ курсии муовини раиси БМТ-ро холӣ кард.

Сабаби барканории Ҷамолиддин Нуралиев дар фармони раисҷумҳур “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” гуфта шуда буд, аммо ҳеҷ хабаре аз ба вазифаии дигар таъйин шудани ӯ расонаӣ нашудааст.

Овозаҳое вуҷуд доранд, ки сабаби барканории Нуралиев муносибати сардшудаи ӯ бо ҳамсараш Озодаи Раҳмон, раиси дастгоҳи раисҷумҳур аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи бархе манобеъ, сабабҳои дигаи барканории Нуралиев низ вуҷуд доранд. Барканории ӯ аз вазифаи муовини раиси БМТ дарҳол баъди сафари Патрушев ба Тоҷикистон иттифоқ афтод ва манобеъ мегӯянд раҳбари ФСБ Русия «иттилоъотеро» дар дораи ҷосусии Нуралиев ба нафъи Амрико дар ихтиёри Раҳмон гузоштааст.

Сабаби дигари ҳамла ба Ҷамолиддин зиддияти ӯ ба якҷоя кардани Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук ба дар раъси он қарор додани Шамсулло Соҳибов гуфта мешавад. Зиддияти Нуралиев боиси амалӣ нашудани ин тарҳ гашта ва Соҳибовҳои қудратмандро дар муқобили ӯ қарор додааст, ки дар натиҷа ба тазъифи мавқеъаш расонидаааст.

Ҷамолиддин Нуралиев аз дарсхондатарин аз босаводтарин домодҳои раисҷумҳур аст, ки дар Амрико таҳсил карда ва мутахассиси хуби соҳаи худаш зам маҳсуб мешуд. Аммо бо вуҷуди дарсхондагӣ ва савод, дар дуздии амволи давлат ва ғорати мардуми кишвари худаш аз падарарӯсашуу домодҳои дигари камӣ надошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад