Имзои барномаи ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон барои солҳои 2023-2025

Дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҷопон барномаи ҳамкориҳо барои солҳои 2023-2025 имзо шуд.

Дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҷопон барномаи ҳамкориҳо барои солҳои 2023-2025 имзо шуд.

Ба нақл аз манобеи хабарӣ, 24 декабр мулоқоти Сироҷиддин Муҳридиин ва Ҳаяши Ёшимаса, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон барои солҳои 2023-2025 ба имзо расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки 23 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Сарвазири Ҷопон Фумио Кишида ширкат намуд.

Дар ҷараёни мулоқот атрофи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва инчунин аҳаммияти таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби «Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон» табодули афкор гардид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад