Тамосҳои Нетонёҳу ва валиаҳди Арабистон

 Нетонёҳу эълони омодагӣ кардааст, ки тавофуқи оддисозӣ миёни Риёз ва Телавив бидуни риояти тарафайн ба пешрафт дар парвандаи Фаластин ба марҳалаи иҷро дароварад.

Нашрияи саҳюнистии Ядиут Оҳорунут, аз талошҳои махфиёнаи Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ бо ҳадафи иртибот бо Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон ва пешбурди фароянди созиш ва оддсозии равобит миёни Телавив ва Риёз парда бардошт.

Бенёмин Нетонёҳу аз замони баргузории интихоботи ахири парлумони режими саҳюнистӣ ва эълон пирӯзии иътилофи ростгарои таҳти раҳбарияш, Довед Борнеъ» раиси Моссадро масъули барқарории иртибототи пинҳонӣ миёни Амрико, Исроил ва Арабистон бо ҳадафи омодасозӣ ва муқаддимаи чинӣ раванди тавофуқи оддисозӣ ва созиш миёни Арабистон ва режими саҳюнистӣ кардааст.

Нетонёҳу эълони омодагӣ кардааст, ки тавофуқи оддисозӣ миёни Риёз ва Телавив бидуни риояти тарафайн ба пешрафт дар парвандаи Фаластин ба марҳалаи иҷро дароварад.

Нахуствазири ҷадиди режими саҳюнистӣ танҳо пазируфтааст, ки дар сурати таҳаққуқи тавофуқи созиш миёни Арабистон ва Исроил аз ҳаргуна пешбурди фароянди пайвастани Каронаи Бохтарӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ дар даврони нахуствазирии худ ҷилавгирӣ кунад.

Ин нашрия ба нақл аз раиси Моссад муддаӣ шудааст, ки Муҳаммад ибни Салмон бо ироаи шартҳои бо пешниҳод матраҳ шуда аз сӯи Нетонёҳу мувофиқат кардааст. Аз ҷумлаи шартҳои матраҳшуда аз сӯи валиаҳди Саудӣ ҳаллу фасли ихтилофҳо миёни Риёз ва давлати Бойден ва рафъи мамнуъиятҳои вазъшуда аз сӯи Кохи сафед бо ҳадафи фурӯши ҷангандаҳои F-35 ба Арабистон будааст.

Борнеъ пас аз дарёфти шартҳои мадди назари валиаҳди Арабистон пешбурди раванди оддисозӣ миёни Риёз ва Телавивро дар шароити кунунӣ душвор ва ҳатто ғайримумкин донистааст. Раиси Моссад бо ин ҳол омодагии валиаҳди Арабистон ба манзури тафоҳум ва музокира бо Исроилро нишонаи мусбате аз тамоюли Муҳаммад ибни Салмон ба манзури созиш бо режими саҳюнистӣ донистааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад