Трамп: Амрико монанди як бемори саратон дар ҳоли марг аст

 Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико кишвари худро бо як бемори саратонӣ дар ҳоли марг муқоиса кард.

Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико кишвари худро бо як бемори саратонӣ дар ҳоли марг муқоиса кард.

Трамп ба думболи идомаи талошҳои кумитаи 6 январ барои маҳкум кардани вай эълом кард: «кишвари мо аз дарун мариз аст, хеле шабеҳ ба як бемори саратонӣ дар ҳоли марг мемонад».

Кумитаи 6 январ дар назар дорад аз вазорати додгустарӣ бихоҳад, то иттиҳомоти ҷиноӣ алайҳи Трамп шомили шӯриш, масдуд кардани раванди расмии таҳқиқоти Конгра ва тавтеа барои фиреби ҷомеаи Амрикоро пайгирӣ кунад.

Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ афзуд: “FBI мутаққаллиб, вазорати гӯё додгустарӣ ва иттилоот, ҳамаи бахшҳои систем ва Ҳизби демократ саратон ҳастанд”.

Иттихози ин тасмим аз ҷониби кумитаи 6 январ гоми муҳим дар ин парванда аст, зеро бо поёни соли ҷорӣ ва пас аз пирӯзии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёндавраӣ дар маҷлиси намояндагон ва дар даст гирифтани контроли ин маҷлис аз январи 2023, маъмурияти кумитаи 6 январ ба таври худкор тамом шуда ва кумита мунҳал мешавад. Аз ин рӯ кумита дар назар дорад таҳқиқоти худ дар бораи ин парвандаро ба натиҷа расонда ва ёфтаҳои худро пеш аз поёни сол нашр кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати додгустарӣ мулзам ба арзёбии мароҷеъ, ки аз сӯи кумитаҳои мухталифи конгра шакл гирифтаанд, нест ва метавонад таҳқиқоти худ дар бораи ин парвандаро ба таври ҷудогона анҷом диҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад