Вашингтон дар равобиташ бо Маскав ҳамчунон таҳти таъсири зеҳнияти “ҷанги сард” аст

Сафири Русия дар Амрико мегӯяд, ки Вашингтон дар равобиташ бо Русия, ҳамчунон таҳти таъсири зеҳнияти "ҷанги сард" аст.

 

Сафири Русия дар Амрико мегӯяд, ки Вашингтон дар равобиташ бо Русия, ҳамчунон таҳти таъсири зеҳнияти “ҷанги сард” аст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, “Анатолий Антонов”, сафири Русия дар Амрико мегӯяд, ки «шубаҳи ҷанги сард» ҳамчунон дар Вашингтон ҳузур дорад.

Анатолий Антонов гуфт: ба назар мерасад, ки Вашингтон ҳамвора ниёз дорад, ки худро аз тариқи рақобат бо Русия, исбот кунад. Интавр ба назар меояд, ки «шабаҳи» Шӯравии собиқ ҳамчунон дар каридурҳои қудрат дар Вашингтон вуҷуд дорад ва «ҷанги сард» ба ҳеҷ ваҷҳ тамом нашудааст.

Ба гуфтаи сафири Русия, Амрико таҳти таъсири эҳсоси «инҳисоргароӣ» аст ва ба ҳамин далел мехоҳад як фазои бесуботи дар марзҳои Русия эҷод кунад. Илова бар ин, бисёре аз сиёсатмадорони амрикоӣ ҳамчунон мутобиқ бо зеҳнияти «ҷанги сард» амал мекунанд ва барои онҳо душвор аст, ки «эҳёи эътибор ва ҳайсияти байналмилалии Русия»-ро таҳти раҳбарии Владимир Путин бипазиранд.

Вай афзуд: дар айни ҳол, ҳамеша метавонад иштибоҳоти муҳосиботии худро ба гардан Федератсияи Русия андохта ва аз Маскав барои тавҷеҳ ҳазинаҳои бесобиқаи низомии худ истифода кунад. Илова бар ин, ба баҳонаи таҳаввулоти Украина, давлати Амрико дар ҳоли тахриби равобити дуҷонибаи судманди Русия ва Аврупо буда ва қасд дорад то Аврупоро комилан ба Вашингтон вобаста кунад.

Вай таъкид кард, ки барои сохти дунёи чанд қутбӣ ба замон ниёз аст ва ба унвони бахше аз ин масири печида, тарафайн бояд ба бунбасти сиёсӣ байни Русия ва Амрико эҳтиром бигузоранд.

Анатолий Антонов авоили моҳи ҷорӣ гуфт, ки беҳтар аст Вашингтон ба ҷои ташдиди шароит бо иттиҳомоти беасос, ба ин мавзӯъ расидагӣ кунад, ки оё масири равобиташ бо Маскав, бо тааҳҳудоти байналмилалиаш мутобиқат дорад ё на.

Бо оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар 24 феврал ва таҳримҳои Амрико алайҳи Маскав, равобит байни Вашингтон ва Кремл рӯ ба тираги гузошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад