Зан, Фаластин ва Марокаш, дурахшонтаринҳои Ҷоми ҷаҳонии 2022

Амнияти бемисли занон ва ишқу эҳтиром ба модар, ҳимоят аз Фаластин ва маҳбубияти Марокаш падидаҳое ҳастанд, ки дар Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар таваҷҷӯҳи расонаҳои ғарбиро ба худ ҷалб кардааст.

Меҳмонони Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар дар замони баргузории ин рухдоди варзишӣ бо падидаҳое рӯбарӯ шуданд, ки дар кишварҳои худашон камтар ба он таваҷҷӯҳ мекунанд.

Сомонаи хабарӣ-таҳлилии Арабӣ 21 навишт, яке аз имтиёзҳои Ҷоми ҷаҳонии 2022 ин буд, ки ба ҳамаи дунё фаҳмонд арабҳо як миллат ҳастанд ва Фаластин дар қалби онҳо ҷой дорад ва ҳаминтавр ба душманон фаҳмонд, ки ишқу маҳаббат хариданӣ нест. Имтиёзи дигари он ин аст, ки вижагиҳои ахлоқии зотии кишварҳои исломиро ба мардуми ҷаҳон нишон дод.

Ҳайрати ғарбиҳо аз амнияти занон дар Қатар

Бисёре аз шаҳрвандони хориҷии ҳозир дар Қатар эълон карданд, ки бархилофи ноамнӣ дар кишварҳои ғарбӣ ҳеҷ як аз онҳо дар замони баргузории Ҷоми ҷаҳонӣ дар Қатар мавриди озору азият қарор нагирифтаанд.

Бар асоси гузориши расонаҳои байналмилалӣ, занони хориҷии ҳозир дар Қатар гуфтанд, ки аз эҳтирому рафтори хуби мардуми ин кишвар ҳайрат кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки Қатар як кишвари бо фарҳанг аст ва нушокиҳои сипиртӣ дар ин кишвар манъ аст. Маълум аст, ки бисёре аз озору азиятҳо дар ҳақиқат замони мастӣ рух медиҳад.

Саҳнаҳои зебои ишқу маҳаббат ба модар

Падидаи дигаре, ки дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар барҷаста шуд як одат ва вижагии фарҳангие аст, ки мо мусулмонҳо ҳаррӯза камтар ба он таваҷҷӯҳ мекунем магар онки як хориҷӣ мутаваҷҷиҳи он шавад. Яъне ҳамон чизе, ки рӯзномаи бритониёии Таймз дар ду гузориши мухталиф дар мавриди ишқи шадиди марокашиҳо ба модаронашон зикр кардааст. Саҳнаҳоеро дидем, ки бозикунҳои Марокаш ба мисли Ашраф Ҳакимӣ ва ҳатто мураббии онҳо модаронашонро дар оғуш кашида ва сарашонро мебусиданд.

Ҷоми ҷаҳонии 2022

Такрори ин саҳнаҳо шодии бузургеро барои мурдуми мусулмон дар пайи дошт, ҳодисае, ки барои мусулмонҳо табиӣ мебошад. Зеро маҳаббат ба модар, дар оғуш кашидан ва бусидани ӯ ва шарик кардани ӯ дар шодиҳо аз фазилатҳои бузург дар дини мо аст.

Марокаш, ситораи Ҷоми ҷаҳонӣ

Ҳамонтавре, ки Ҷоми ҷаҳонии 2022 аз назари сиёсӣ Ҷоми Ҷаҳонии Фаластин ва аз назари фарҳангӣ Ҷоми Ҷаҳонии эҳтиром ба занҳову модарон буд, падидаи Ҷоми ҷаҳонӣ Марокаш буд, ки чи аз назари варзишӣ ва чи маҳбубияти мардумӣ монанди хуршед бар ҷаҳон дурахшид.

Ҷоми ҷаҳонии 2022

Таҳлили Таймз, ки навишт ҷудо аз инки чӣ касе рӯзи якшанбе (имрӯз) ҷомро баланд мебардорад, “Ин Ҷоми ҷаҳонӣ ҳамеша дар Марокаш боқӣ хоҳад монд” олӣ буд; Ҷоми ҷаҳоние, ки Марокаш дар “кушодани дарвозаҳо, шикастани рекордҳо ва рӯшан кардани фонуси бузурге, ки нӯраш хомӯш намешавад” падида ҳамин буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад