Ҳушдори ҷадиди Маскав ба Вашингтон

Сухангӯи Кремл имрӯз дар бораи барномаи ирсоли сомонаи падофанди мушакии Патриоти Амрико ба Украина, эълон кард: дар сурати вуруди ин сомонаҳо ба Украина Маскав мухтор ба муқобила бо он хоҳад буд.

Ба нақз аз хабаргузории Спутник, Дмитрий Песков афзуд: Маскав дар ин бора мунтазири дарёфти иттилооти расмӣ мебошад.

Шабакаи хабарии CNN-и Амрико рӯзи сешанбе ба вақти маҳаллӣ гузориш дод Вашингтон дар ҳоли ниҳоӣ кардани ирсоли сомонаи падофанди мушакии Патриот ба Украина буда ва мумкин аст тасмими ниҳоии худро барои ирсоли сомонаҳои дифои мушакии Патриот ба Украин дар ҳафтаи ҷорӣ эълон кунад.

CNN ба нақл аз мақомоте, ки номи онҳоро баён накардааст мегӯяд, ки интизор меравад Байден барномаҳоеро ҷиҳати таъмини мушакҳои Патриот барои Украина таъйид кунад.

Бар асоси ин гузориш, украиниҳо барои истифода аз мушакҳои Патриот дар пойгоҳи артиши Амрико дар Олмон омӯзиш хоҳанд дид.

Пеш аз ин, сухангӯи Пентагон эълон карда буд, ки кишвар дар ҳоли ҳозир барномае барои ирсоли ин сомонаҳои мушакӣ ба Украина надорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад