Бозори «Панҷшанбе»-и Хуҷанд сухт

Сӯхтор дар бинои ҶДММ “Шарқ”, ки дар дохили бозори Панҷшанбе воқеъ аст, сар зада, 17 мағозаро фаро гирифтааст.

Сӯхтор дар бинои ҶДММ “Шарқ”, ки дар дохили бозори Панҷшанбе воқеъ аст, сар зада, 17 мағозаро фаро гирифтааст.

Дар пайи сӯхтор 75 метри мураббаъи ин бозор ба коми оташ рафтааст. Дар ин бора “Asia-Plus” бо истинод ба Қаҳрамон Қодирзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз ҳодисаи сӯхтори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Қодирзода гуфтааст, ки сӯхтор соати 3-и субҳ сар зада, то соати 5 хомӯш карда шудааст.

Вай гуфтааст:

“Ҳоло сӯхтор хомӯш карда шудааст ва сабабу омили рух додани ҳодиса ва хисороти он муайян карда мешавад”.

Ҳамчунин, ӯ таъкид намуда, ки дар пайи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бозори “Панҷшанбе” яке аз бузургтарин ва қадимитарин бозорҳо дар шимоли кишвар ба ҳисоб меравад, ки қаблан низ ба коми оташ рафта буд.

Гуфтан ба маврид аст, ки аз оғози моҳи декабр дар вилояти Суғд 10 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта мешавад.

Дирӯз, 8-уми декабр, дар мактаби №51-и ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара низ сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа, қисме аз мактаб сӯхта хароб гашт.

Пештар аз ин, рӯзи 5-уми декабр, дар шаҳри Истаравшан нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба коми оташ рафта буд.

Бино ба иттилои Қаҳрамон Қодирзода давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 463 ҳодисаҳои сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд мебошад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар натиҷаи сӯхтори шабона дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар, ки гуфта мешавад 50 дарсади бозорро фаро гирифтааст 12 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Вазъи яке аз ҷароҳатбардоштагон вазнин арзёбӣ мешавад.

Бозори «Фаровон» шаби 1-уми июн оташ гирифт. Ба қисми навбатдории Раёсати оташнишонии РВКД дар вилояти Хатлон соати 22:20 1-уми июназ сӯхтор хабар расидааст.

Раёсати оташнишонии РВКД гуфтааст ба ҷои ҳодиса беш аз 20 мошини оташнишониро сафарбар кард, ки барои нишондани оташ соатҳо талош кардаанд. Соҳибкорони бозор низ талош карданд молу колои худро наҷот диҳанд, аммо дар қисмате, ки оташ бузург шуда буд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба соҳибкорон иҷозаи вуруд надодаанд.

Соҳибкори 50-сола Маҳмадӣ Сангови 50-сола кӯшидааст дар хомӯшкунии сӯхтор кӯмак расонад, бар асари таркиши балони газ ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст. Гуфта мешавад 95 дар сади баданаш сӯхта ва роҳи нафасаш осеб дидааст.

Сӯхтор дар бахшҳои қолинфурӯшӣ, телефонҳои мобилӣ, дастгоҳҳои электронӣ ва матоъфурӯшӣ рух додааст.

Сабабҳои сар задани сӯхтор ба таври расмӣ эълон нашудааст. Шоҳидон гуфтанд, балонҳои гази моеъ, ки ошхонаҳои бозор истифода мекарданд, сабаби сӯхтор шудаанд.

 

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад