Дархости Тоҷикистон аз Арабистон барои иҷрои тарҳи мубориза бо маводи мухаддир

Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ хостааст, имзои созишномаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро тезонад.

Як рӯз пеш, 6 декабр дар шаҳри Душанбе масоили рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар мубориза бо маводи мухаддир баррасӣ шуд.

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Сафири Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валид Абдурраҳмон Ал Рашайдон мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ роҳбари АНМН ба меҳмон дар бораи вазъи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар кишвар, тадбирҳои ҳукумат дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва фаъолияти мақомоти салоҳиятдор дар ин самт маълумот дод.

Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии ин ожонс, Ҳабибуло Воҳидзода ҳамчунин ба сафири Арабистони Саудӣ дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дигар дар мубориза бо маводди мухаддир иттилоъ дод.

Дар мулоқот директори Агентӣ аз ҷониби Арабистони Саудӣ хостааст, раванди имзои Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои кимиёвиро суръат бахшад.

Валид Абдураҳмон Ал Рашайдон ин масъаларо муҳим хонд ва изҳори омодагӣ кард, ки дар баррасии он мусоидат кунад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир изҳор намуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад