Ҳодисаи даҳшатноки қатли зану фарзанд дар Зафаробод

Марди 36 сола дар вилояти Суғд пас аз қатли зану фарзандаш ҷасади онҳоро оташ задааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, ба нақл аз АсияПлюс, ҳодисаи даҳшатноки қатли зану фарзанд дар Зафарободи вилояти Суғд рух додааст.

Ҳодисаи мазкур 28-уми ноябр дар шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод рух дода, кӯдак шоҳиди кушта шудани модараш мешавад.

Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҳодисаро чунин шарҳ медиҳад: “Кӯдак мебинад, ки падар модарашро кушта истодааст, ба бобояш занг мезанад ва ҳодисаро мегӯяд. Падар барои ин рафтораш кӯдак ва дар як вақт, шоҳиди ҳодисаро ба қатл расонида, ҷисми ӯро низ оташ мезанад.”

Акбар Шарифӣ ҷузъиёти ҳодиса ва ному насаби онҳоро барои халалдор накардани раванди тафтишот ироа накардааст, танҳо гуфтааст, зани кушташуда 36 сол дошта, писараш ноболиғ буд ва 9 сол дошт.

Айни замон, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд нисбати мард тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ (куштор) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишоти он идома дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад