Баргузории понздаҳумин комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон

Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон рӯз 5 ва 6 декабр дар Теҳрон баргузор мешавад. Ҳайати Тоҷикистонро вазири энергетика муаррифӣ мекунад.

Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон рӯз 5 ва 6 декабр дар Теҳрон баргузор мешавад. Ҳайати Тоҷикистонро вазири энергетика муаррифӣ мекунад.

Понздаҳумин комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон ба мизбонии вазири неруи Эрон ва бо ҳузури вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон баргузор мешавад.

Муъовини дипломосии иқтисодии вазири умури хориҷаи Эрон Маҳди Сафарӣ, бо таъкид бар аҳамияти ҳифзи равобит ва ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон гуфт:

“Дар ин комисяи заминаҳои мухталиф ва матанавеъи шомили тиҷорат, умури молӣ, энержӣ, ҳамлу нақл, саноат, хадамоти фанни муҳандисӣ, саломат, сармоягузори ва гардишгарӣ дар дастури кор хоҳад буд”.

Сафарӣ афзуд, ки раванди баргузории ҷаласаҳои комиссияи муштараки иқтисоди бо бисёри аз кишварҳои тарафи ҳамкори тақвият шуд ва интизор меравад бо пайгирии тавофуқот ва тафоҳумномаҳое, ки дар ин нишастҳо сурат мегирад шоҳиди раванди ҳарчи бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо ин кишварҳо бошем.

Ёдовар мешавем, ки чаҳордаҳумин комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон дар июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шуда буд.

Дар пайи истиқлоли Тоҷикистон дар 9 сентябри соли 1991 Эрон аввалин кишвари буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард.

Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ҳамсояи Эрон маҳсуб намешвад, аммо ду кишвар пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии фаровони доранд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Низомиддин Зоҳидӣ дар дидор бо раис ва ҳайати мудираи Утоқи бозаргонии Систон ва Балучистон изҳор дошт, Тоҷикистон алоқаманд ба густариши равобити иқтисодӣ бо Эрон аст ва бо таваҷҷуҳ ба ҳамкории ду кишвар ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ бояд ба як миллиард доллар бирасад.

Вай бо ишора ба иштирокоти фарҳангӣ ва забонии ду кишвар, афзуд, интизор дорем иртибот байни мардуми Эрон ва Тоҷикистон беш аз пеш афзоиш ёбад ва мардуми Эрон ҳамчун дигар сафарҳои худ аз кишвари мо низ дидан кунанд.

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон идома дод, Систон ва Балучистон дорои зарфиятҳои бисёре аст ва бояд аз ин мазиятҳо дар канори имконоти Тоҷикистон барои тавсеаи содирот ва воридот истифода кунем.

Вай баён кард, Тоҷикистон муҳити мусоиде барои сармоягузорӣ бавижа дар манотиқи иқтисодӣ эҷод карда, ки аз ҷумлаи он ба маофиятҳои молиётӣ барои сармоягузорон метавон ишора кард.

Зоҳидӣ тасреҳ кард, пахта ва алюминий аз ҷумлаи маҳсулоти Тоҷикистон аст, ки ба кишварҳои мухталиф содирот мешавад.

Вай изҳор дошт, дар ҳавзаи сармоягузорӣ аз эҷоди нерӯгоҳҳои оби барқӣ бо таваҷҷуҳ ба шароити муҳитии Тоҷикистон ҳамвора истиқбол мекунем.

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, Эрон ва Тоҷикистон муштаракоти зиёде дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла фарҳанг ва адабиёт доранд, ки мутаассифона ба вуҷуд омадани бархе масоил чанд сол равобити ин ду кишварро камранг кард, аммо имсол соли хубе буд ва муҷаддадан ин таомул шакл гирифт.

Вай гуфт, ҳар ду кишвар иродаи сиёсии худро барои тақвияти равобит иброз доштанд ва имсол як комиссияи муштарак барои тақвияти иртиботот ва муровидот дар Теҳрон ташкил шуд ва чанд рӯзи пеш низ намоишгоҳе аз колоҳои эронӣ бо меҳварияти устони Хуросони Разавӣ дар кишвари мо баргузор шуд, ки ин масоил нишондиҳандаи ниёз барои талоши бештар дар заминаи тақвияти равобит дар тамоми сутӯҳ аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад