Таҳсили ҳудуди 30 ҳазор донишҷуи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия

Ба шарофати афзудани квотаҳо барои донишҷӯёни Тоҷикистон, теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар дар соли таҳсили 2022-2023 ба таври назаррас афзоиш ёфт.

Ба шарофати афзудани квотаҳо барои донишҷӯёни Тоҷикистон, теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар дар соли таҳсили 2022-2023 ба таври назаррас афзоиш ёфт.

Ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, гуфт Лилия Гумерова, раиси кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба маориф ва илм.

Ин далелро сенатор дар Душанбе дар ҷаласаи комиссияи ҳамкорӣ байни палатаҳои болоии парлумонҳои Русия ва Тоҷикистон изҳор дошт.

Ба гуфтаи Гумерова, дар соли хониши 2022-2023 шумораи квота, ки аз буҷети Русия маблағгузорӣ мешавад, 100 адад зиёд шуда, ба 750 адад расонида шуд.

Дар рафти чорабинӣ қонунгузорон дурнамои ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо ва эътирофи мутақобилаи унвонҳои илмиро баррасӣ карданд.

Аз чумла, масъалахои ичрои Созишнома дар бораи сохтмон ва таҷҳизонидани моддию техникии мактабҳое, ки ба забони русӣ таълим медиҳанд, дида баромада шуданд.

Раиси кумита ҳамчунин қайд кард, мактабҳои наве, ки дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардаанд, ба талаботи олӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Ва сохтани ин мактабҳо аз таваҷҷуҳи зиёд ба забони русӣ дарак медиҳад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Русия беш аз 900 бурсияи таҳсили ба шаҳрвандони тоҷик ихтисос дод.

Дар ҳаждаҳумин комисяи байни давлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе ишора шуд, ки дар соли таҳсилии 2023-2024 теъдоди 902 бурсияи таҳсили ба шаҳрвандони тоҷик барои таҳсил дар муассисаҳои омузиши олиии Русия ихтисос ёфта аст.

Ҳамонтавре, ки Вазорати улум ва омузиши олии Русия гузориш дод тарафи тоҷик ва рус дар ин иҷлос иқдомоти итминонбахш аз пазириши шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаҳои омузиши олии Русия дар соли таҳсилии 2023-2024 дар бурсияҳои таъиншуда тавассути Русияро мусбат арзёби карданд.

Гуфта шуд, ки дар соли ҷорӣ давлати Русия 750 бурсия барои мутақозиёни Тоҷикистон ихтисос дод, ки нисбат ба соли таҳсилии гузашта 105 бурсия афзоиш ёфта аст.

Дар ин нишаст ба масоили муҳоҷират низ таваҷуҳ шуд ва Алексей Оверчук, муъовини нахуствазири Русия изоҳр кард, барномарези шуда аст то сомонае роҳандози шавад, ки ба афрод имконият медиҳад дар бораи маҳдудиятҳои вуруди шаҳрвандон бархати иттилоъоти қобили эътимод ба даст оваранд.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад