Баррасии низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон Дар ҷаласаи СААД

Сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки дар ҷаласаи ахири сарони кишварҳои узви СПАД масъалаи низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.

Сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки дар ҷаласаи ахири сарони кишварҳои узви СПАД масъалаи низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.

Дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд. Ҳалли ин масъала мушкил аст, аммо он идома хоҳад ёфт, гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.

“Вазъи Тоҷикистону Қирғизистон (дар нишасти сарони СААД) дар ин ҷаласа матраҳ шуд. Дар маҷмӯъ дар ин созмон иродаи сиёсӣ вуҷуд дорад, то аз ин низоъҳо дар марзи ду кишварро анҷом диҳанд. Президентҳо заруратро дарк мекунанд, аммо ин кор душвор аст ва он идома хоҳад ёфт”, – гуфт Песков дар посух ба суоли рӯзноманигорон.

Ёдовар мешавем, ки 23 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Арманистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ кард.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмон таҳти раёсати Сарвазири Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Никол Пашинян дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, кори он бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.

Дар кори ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро баррасӣ карданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон гуфтааст, “Қирғизистон ва Тоҷикистон дар масъалаи аломатгузории сарҳади умумӣ ба иттифоқи назар даст ёфтанд”.

Бидуни тавзеҳе Тошиев ба такрори ҳарфҳои аз ин пеши президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) гуфтааст, ки “то поёни соли ҷорӣ талош мекунем масъалаи марзро ҳал кунем”.

Тошиев дар як мусоҳибаи рӯзи 19-уми ноябраш бо расонаи минтақавии “Region TV” гуфтааст, “баррасии масъалаҳо бо Тоҷикистон хуб ҷараён доранд”. Ӯ бо ёдоварӣ аз сафари рӯзи 14-уми ноябраш дар садри комиссиюни аломатгузории марзи Қирғизистон ба Душанбе гуфтааст: “Мо то андозае ба ҳалли масъалаҳо шурӯъ кардем. Агар пештар ҳал карда наметавонистем, ҳоло – на. Ҳоло мо то андозае забон меёбем. Мо ҳоло масъалаҳоеро, ки бояд ҳал кунем, ба ҳамдигар нишон медиҳем. Ба гузашти дутарафа роҳ медиҳем. Мо пешниҳод дорем, ки “биёед, шумо ин қитъаи заминро гиред, мо – онро”. – Тошиев дар идомаи мусоҳибааш гуфт, – Мо мегӯем, “агар ба шумо чизе лозим бошад, хеле хуб, мо ба шумо ёрӣ мекунем, вале шумо ҳам ба мо бо он чи ки ба мо лозим аст, ёрӣ кунед”. Ҳамин хел мо бо Тоҷикистон музокира карда ҳал мекунем”. Тошиев гуфт, интизор меравад, ки давоми як ҳафтаи наздик ҳайате аз Тоҷикистон ба Қирғизистон меравад. “Акнун мо аз паи мувофиқаҳои давлатӣ мешавем, – гуфтааст дар ин мусоҳиба Тошиев. – Агар ин мувофиқаҳо ба даст ояд, одамони зарурӣ созишномаро имзо мекунанд ва мо онро ба парлумон мефиристем. Он ҷо муфассал баррасӣ мекунем ва бо ризоияти вакилон санадро қабул карда президентон имзо мекунанд. Мушкили ду кишвар ҳал хоҳад шуд”.

Бо ин вуҷуд Тошиев нагуфт, ки додугирифтҳои қитъаҳои замин мушаххасан қадом қитъаҳоро пешбинӣ мекунанд ва манзур аз “гузашт” чӣ аст. Мақомот дар Тоҷикистон ҳам ба ҳеҷ шакл изҳори назарҳои ахири мақомоти Қирғизистонро шарҳ намедиҳанд. Аз ҷумла, изҳороти рӯзи 17-уми ноябри президенти Қирғизистон, ки изҳори умедворӣ кард, ки “то поёни соли ҷорӣ” баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон ҳал мешаванд, бе шарҳу вокуниши Тоҷикистон монд.

Ҷаласаи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйину аломатгузории марз рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ду тараф гуфтанд, ки ёддошти ҳусни тафоҳум имзо кардаанд, вале на ҷониби Душанбе ва на Бишкек ҳеҷ тафсилоте аз ин гуфтугӯҳо нашр накарданд.

Сӯҳбатҳои ахири Тошиев дар ҳолест, ки рӯзи 18-уми ноябр парлумони Қирғизистон Созишнома оид ба муайянсозии қитъаҳои алоҳидаи марз ва идораи муштараки обанбори Кампирободро бо Узбекистон тасдиқ кард. Ин созишнома ҳам дар дохили Қирғизистон бо баҳсу мухолифатҳои ҷомеаи маданӣ рӯбарӯ шуд, вале мақомот даҳҳо нафарро ҳабс карда, ниҳоят дар парлумон ин созишро тасвиб карданд.

Баҳсҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон, ки давоми ду соли охир ба муноқишаҳои мусаллаҳона табдил шудаанд, бартараф нашудаанд. Тоҷикистону Қирғизистон садҳо километр марзи худро таъйину аломатгузорӣ накардаанд ва ҳамин сол низоъ дар сарҳади байни ду кишвар сабаби марги на камтар аз 200 нафар аз ҳарду тараф шуд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад