Таъсиси сомонаи дифои ҳавоии муштараки Тоҷикистону Русия

Семён Григориев, сафири Русия дар Душанбе ин изҳоротро дар ҷараёни тақдими эътиборномааш ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ кард.

Семён Григориев, сафири Русия дар Душанбе ин изҳоротро дар ҷараёни тақдими эътиборномааш ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ кард.

Вай гуфт, чаҳорчӯби қарордодии эҷоди як сомонаи дифои ҳавоии муштарак тавассути Русияву Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир мавҷуд аст. Кишварҳои мо мувофиқанд, ки ин ҳамкорӣ ба хотири авзои минтақа ва ташдиди танишҳои минтақаӣ лозим ва зарурӣ аст.

Григориев афзуд, ин сомонаи дифои ҳавоии Русия – Тоҷикистон таҳти назорати вазоратхонаҳои дифои ҳар ду кишвар эҷод хоҳад шуд.

Русия ва Тоҷикистон декабри 2021 тавофуқеро дар робита бо эҷоди як сомонаи дифои ҳавоии муштарак имзо карда буданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳою татбиқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда таъкид намуда, ба сафири навтаъйин барори кор хостааст.

Сафири навтаъйини Русия дар Душанбе, Семён Григорев ба раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома ва паёму дуруди роҳбарияти кишвари хешро тақдим кардаст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, маросими эътимодномасупории сафирони нав дар Қасри Миллат баргузор шуд.

Дар маросим Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди муносиботи гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Федератсияи Русия андешаронӣ карда, изҳори умед намудаст, ки бо талоши сафири нав робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ боз ҳам таҳким меёбанд.

Ҳамчунин омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба баён дошта шудаст.

Эмомалӣ Раҳмон ба сафири навтаъйин ба муносибати оғози фаъолияташ барори кору комёбӣ орзу намуда, омодагии ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиаш махсус таъкид кардаст.

Маврид ба зикр аст, ки фармони таъйини Григорев ба мақоми сафир дар Тоҷикистон ва барканории Игор Лякин-Фроловро аз ин вазифа, раисҷумҳури Русия, Владимир Путин моҳи августи соли равон имзо карда буд.

Бар асоси ҳолнома, Григорев соли 1960 дар Маскав таваллуд шуда, забонҳои форсӣ, пашту ва англисиро балад аст.

Сафири навтаъйин хатмкардаи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав буда, қаблан низ ҳамчун мушовири сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳамчунин ӯ дар вазифаҳои мушовири сафорати Русия дар Афғонистону Эрон низ фаъолият доштааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад