Афзоиши воридот ва содироти Тоҷикистон

Тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон ҳамоно манфӣ боқӣ монда, ҳаҷми молҳое, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешавад, аз ҳаҷми содирот ба маротиб зиёд аст.

Тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон ҳамоно манфӣ боқӣ монда, ҳаҷми молҳое, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешавад, аз ҳаҷми содирот ба маротиб зиёд аст.

Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон зиёда аз 5 млрду 602 млн доллари амрикоиро ташкил дод.

Тавре сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Хуршед Каримзода зимни гузориши ахираш дар Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ баён дошт, ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 28% ва ё 1 млрду 212 млн доллар зиёд шудаст. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ ба воридот 3 млрду 793 млн доллар рост меояд.

Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум ҳудуди 770 млн доллар ва ё 25,5% зиёд аст.

Содирот ба 1 млрду 808 миллиону 800 ҳазор доллар баробар шуда, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 32% афзудаст.

Бар асоси иттилои Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, барои 9 моҳи соли равон нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ наздики 4 млрду 783 млн сомонӣ пешбинӣ гардида буд.

Таъкид шудаст, ки мақомоти гумрук нақшаи даромадро 11% барзиёд иҷро кардаанд. Ба буҷети давлатӣ 5 млрду 327 млн сомонӣ ворид шудааст, ки 111%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон дар се соли оянда 1,5 баробар бештар аз содироти он хоҳад буд.

Дар ин бора дар пешбинии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 гуфта мешавад. Тибқи ин ҳуҷҷат Тоҷикистон нақша дорад ҳаҷми савдои берунаро дар се соли наздик то $5,4 млрд расонад.

Ҳаҷми савдои хориҷа дар соли ҷорӣ беш аз $4,7 млрд пешбинӣ мешавад. Дар соли 2023 ин нишондиҳанда беш аз $5 млрд ва дар соли 2024 $5 милиарду 446 милионро ташкил хоҳад дод.Таъкид мешавад, ки дар се моли оянда содироти молу коло то $2 милиарду 104 милион расонида хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол ҳаҷми воридоти молу маҳсулот дар ин муддат $3 милиарду 342 милионро ташкил хоҳад дод, ки беш аз 1,5 баробар бештар аз нишондиҳандаҳои содирот аст.

Иддаои муаллифони пешбинӣ дар ҳолест, ки таносуби манфии савдои хориҷаи Тоҷикистон аз аввали сол бо суръат дар ҳоли рушд аст. Нишондиҳандаҳои воридот беш аз се маротиба бештар аз ҳаҷми содирот мебошанд.Савдои берунаи кишвар дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ $1 милиарду 142,5 милионро ташкил дод, ки $70,3 милион ё 6,6% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар ҳамин ҳол таносуби савдо манфӣ буда, фарқ $582,7 милионро ташкил додааст.Содироти мол дар моҳҳои январ-феврали 2022 $279,9 милион, воридот бошад $862,6 милионро ташкил додааст. Ҳаҷми воридот аз содирот $582,7 милион ё 3,1 баробар бештар аст.

Гуфта мешавад содирот асосан аз металҳои қиматбаҳо, алюминии аввалия, семент, нахи пахта ва меваи хушк иборат аст. Ҳаҷми асосии воридотро маҳсулоти нафтӣ, донагиҳо ва ғайра ташкил медиҳанд.

Иддаои то 1,5 баробар кам кардани фарқи воридоту содирот аз ҷониби ҳукумат дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда дар 20 соли охир ҳамеша байни 2,5 то 3,3 баробар калавиш дошта, ҳеҷ гоҳ аз 2,5 баробар камтар нашудааст.

Коршиносон мегӯянд ҳатто дар шароити ғайрибӯҳронӣ ин кор ғайриимкон аст, чӣ расад замони бӯҳрони шадид, ки роҳҳои расидан ба ин ҳадаф хеле маҳдуд мегарданд.

Коршинос Абдуманнон Шералиев мегӯяд :

“Ин кор ҳатто дар замони оддӣ ғайриимкон аст, чун бояд содирот ду баробар афзоиш ёбад. Аммо, аз кадом ҳисоб? Чанд корхонаи бузург ба кор даромадааст ва ё дар ҳоли ба кор даромадан аст, ки ба ин натиҷа умед баста шавад? Фикр мекунам ин ҳам мисли дигар нақшаву пешбиниҳои ҳукумат танҳо барои нишон додан ба сармоягузорони хориҷӣ аст”.

Дар ҳамин ҳол Шералиев изҳор дошт, ки танҳо як роҳи расидан ба ин нишондиҳанда вуҷуд дорад: “Бинобар бо шиддат кам шудани ҷои кор барои муҳоҷирон дар Русия интиқоли маблағ ба Тоҷикистон чанд баробар камтар мешавад. Дар натиҷа, кишвар аз маблағи асосие, ки барои воридот истифода мешавад маҳрум шуда, ҳаҷми воридот ба таври автоматӣ коҳиш меёбад. Аммо ин бӯҳрони шадид номида мешавад, на рушди иқтисодие, ки сабаби камтар шудани фарқи воридоту содирот шудааст”.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад