Наҷоти як хонаводаи рус аз марг тавассути муҳоҷири тоҷик

Феълан, маълумоти бештар дар бораи муҳоҷири тоҷик дар даст нест. Танҳо маълум аст, ки ӯ як зану шавҳар ва фарзанди ноболиғи онҳоро аз марг наҷот дод

Нашрияи “МК” хабар медиҳад: Субҳи барвақти рӯзи 22 ноябр дар деҳаи Месерово дар канори шаҳри Клин дар як манзили истиқоматӣ балони газ таркид.
Дар хонае, ки ҳодисаи нохуш рух дод, як хонавода иборат аз се нафар – зану шавҳар ва фарзанди се солаи онҳо ба сар мебурданд.
Пас аз таркиши балони газ ба кумаки ҷабрдидаҳо муҳоҷири тоҷик шитофт, ки дар ҳавлии ҳамсоя дар як вагон зиндагӣ мекард.

Гуфта мешавад, марду зан ва кӯдак аз ҷо ҷунбида наметавонистанд ва сару рӯяшон аз дуд сип-сиёҳ шуда, рӯи зан хуншор шуда буд. Муҳоҷири тоҷик ба хадамоти сӯхторнишонӣ ва “Ёрии таъҷилӣ” занг зада, ҷабрдидаҳоро аз хона бароварда, бо мошин онҳоро то сари роҳ бурдааст. Он ҷо ҷабрдидаҳоро мошини Ёрии таъҷилӣ гирифта, ба бемористон интиқол дод.
Манбаъ маълумоти бештар дар бораи ному насаб, синну соли муҳоҷирро нашр накардаст. Бояд чунин ҳолат бори аввал рух надода, қаблан низ ҳолатҳои зиёде буданд, ки маҳз муҳоҷирони тоҷик одамонро аз обу оташ наҷот медоданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад