Имзои беш аз 50 санади ҳамкорӣ байни ширкатҳои гардишгарӣ

 Кумитаи тавсеаи гардишгарии Тоҷикистон аз имзои асноди ҷадиди ҳамкорӣ байни ширкатҳои гардишгарӣ ва ҳутлҳои кишвар, Эрон ва Узбакистон хабар дод.

Кумитаи тавсеаи гардишгарии Тоҷикистон аз имзои асноди ҷадиди ҳамкорӣ байни ширкатҳои гардишгарӣ ва ҳутлҳои кишвар, Эрон ва Узбакистон хабар дод.

Дар ҳамоиши минтақаӣ дар заминаи тавсеаи гардишгарӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, байни ширкатҳои гардишгарӣ ва ҳутлҳои Тоҷикистон, Эрон ва Узбакистон тавофуқҳои ҷадиди ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар намоишгоҳе, ки дар оғози ин ҳамоиш баргузор шуд, маҳсулоти дастии санъатгарони тоҷик, фурсатҳои гардишгарӣ ва вазъияти хадамоти ширкатҳои гардишгарии кишвар ба намоиш гузошта шуд.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон, Эргаш Шоҳисматов, сафири Узбакистон ва Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси кумитаи тавсеаи гардишгарии Тоҷикистон аз ин намоишгоҳ боздид карданд.

Меҳмонони ин ҳамоиш тавсеаи зерсохтҳои модерн ва ироаи хадамоти гардишгарии Тоҷикистонро ризоятбахш арзёбӣ ва мабнои аслии тавсеаи гардишгарю гастариши он дар кишварро ироаи фарҳанг миллӣ, одоб ва русум, ғизоҳо ва нӯшиданиҳои миллӣ, таърих ва мероси фарҳанги ғании мардуми тоҷик унвон карданд.

Дар натиҷаи мулоқотҳои ҳузурӣ байни ширкатҳои гардишгарӣ ва ҳутлҳои се кишвари Эрон, Тоҷикистон ва Узбакистон беш аз 50 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Пеш аз ин дар ҳошияи баргузории ҳамоиши мазкур дар маҳалли яке аз ҳутлҳои шаҳри Душанбе севумин иҷлоси комиссияи фаннӣ дар заминаи тавсеаи гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон бо мушорикати ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.

Дар ин иҷлос намояндагони кумитаи тавсеаи гардишгарӣ, вазорат ва ниҳодҳои кишвар, ҳайати расмии Вазорати мероси фарҳангии Эрон, ҳайати Вазорат игардишгарии Ҷумуҳрии Узбекистон ва мероси фарҳангии ин кишвар, намояндагони ширкатҳои гардишгарии хориҷӣ, анҷуман ва ширкатҳои гардишгарии дохилӣ ширкат карданд.

Дар ҷараёни ин ҷаласа фурсатҳои тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои гардишгарию таомули чандҷониба, ҷустуҷӯи роҳҳои ҷадиди тавсеаи равобит ва иртиқои ҳамкориҳои гардишгарӣ ба сатҳи ҷадиди кайфӣ баррасӣ шуданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон алоқаманди худ барои тақвияти ҳамкориҳо барои тавсеаи заминаҳои мухталифи гардишгарӣ, аз ҷумла гардишгарии таърихӣ, фарҳангӣ, муҳити зистӣ ва саломат иброз кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад