Барномаи фарҳангӣ ба муносибати 30 сол муносибати Тоҷикистону Узбекистон

Барномаи фарҳангӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳокимияти вилояти Самарқанд баргузор шуд.

Барномаи фарҳангӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳокимияти вилояти Самарқанд баргузор шуд.

Ба гузориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, 15-16 ноябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ба ифтихори 30-солагии робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

Барномаи фарҳангӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти вилояти Самарқанд дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Самарқандии академия илмҳои Турон доир гардид.

Дар барнома ҳунармандони Оркестри симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳунармандони шинохтаи мамлакат, инчунин ҳунармандони узбек иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад