Таъзияи Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эрдуғон ва мардуми Туркия

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандони қурбониёни таркиш дар шаҳри Истанбул таъзия баён намуда, барои осебдидагон дар ин фоҷиа шифои комил хостааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандони қурбониёни таркиш дар шаҳри Истанбул таъзия баён намуда, барои осебдидагон дар ин фоҷиа шифои комил хостааст.

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар робита ба таркиши маргбори Истанбул барқияи тасаллӣ ирсол кардааст.

Дар барқия омадааст :

“Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиш дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истамбул боиси андуҳи амиқи мо гардид”.

Эмомалӣ Раҳмон таъзия ва таслияташро ба Эрдуғон, мардуми Туркия ва аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ иброз намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.

Маврид ба зикр аст, ки таркиш дар кӯчаи Истиқлоли Истанбул баъди зуҳри 13 ноябр рух дод. Кӯчаи мазкур пиёдагузар буда, миёни сокинони маҳаллию сайёҳон маъруф мебошаду аксаран серодам аст.

Бар асоси иттилои охир, ки аз қавли мақомоти Туркия нашр гардид, таркиш 6 куштаю беш аз 80 маҷруҳ барҷой гузошт.

Миёни кушташудагону захмиёни таркиш дар шаҳри Истанбул шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, иттилоъ дод Вазорати умури хориҷии ҶТ.

Вазорати умури дохилии Туркия бо такя ба иттилои пешакӣ изҳор дошт, ки иҷрокунандаи бевоситаи ин амал як зан мебошад, ки аллакай боздошт гардидааст. Дар маҷмуъ теъдоди боздоштшудагон бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят ҳудуди 20 нафар арзёбӣ мешавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия тайи фармоне Шокир Узкан Турунларро ба унвони сафири Туркия дар сарзаминҳои ишғолӣ мансуб кард.

Бар асоси фармони Эрдуғон, Шокир Узкан Турунлар узви Шӯрои машваратии сиёсати хориҷӣ мебошад, ки сафири Анқара дар Телавив таъйин шудааст.

Сафири Туркия дар Исроил дар солҳои 2010 то 2014 ба унвони саркунсули Қудс ва сафири Туркия дар Фаластин анҷом вазифа кардааст.

Пештар мақомоти Туркия аз таъйини сафири ин кишвар дар Телвив ва равобити дипломасӣ бо Исроил хабар дода буданд.

Эрдуғон дар рӯзҳои гузашта дар бораи интихоботи Кеннест дар Исроил эълон карда буд, ки Туркия хоҳони ҳифзи равобит бо режими саҳюнистӣ бар мабнои дарки мутақобил аст.

Таъкид президенти Туркия бар ҳифзи равобит бо Исроил дар ҳоле идома дорад, ки тайи моҳҳои гузашта Анқара аз мақомоти Телавив мизбонӣ карда ва бо онҳо дидору гуфтугӯ кардааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад