Тасмими Кореяи Ҷанубӣ барои сармоягузорӣ дар роҳи оҳани ҷануби Тоҷикистон

 Дар дидори вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон ва намояндагони Бонки содирот ва воридоти Кореяи Ҷанубӣ, сохти хатти ҷадиди рейлӣ дар ҷануби кишвар баррасӣ шуд.

Дар дидори вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон ва намояндагони Бонки содирот ва воридоти Кореяи Ҷанубӣ, сохти хатти ҷадиди рейлӣ дар ҷануби кишвар баррасӣ шуд.

Азим Иброҳим, вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон ва намояндагони Бонки содирот ва воридоти Кореяи Ҷанубӣ таҳти раёсати Инкиу Ҷу, мудири барномаи ҳамкории иқтисодӣ ва навоварии ин кишвар бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Дар ҷараёни ин дидор, идомаи сохту сози роҳ иоҳани Ҷалолуддин Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷ, воқеъ дар вилояти хатлони Тоҷикистон, мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Ҷониби Корея дар ин дидор дар мавриди ироаи кумак ба Тоҷикистон дар тавсеаи мутолиоти имконсанҷӣ барои ин роҳи оҳан ибрози алоқамандӣ кард.

Дар солҳои ахир равобити Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар тамоми заминаҳо аз ҷумла дар арсаи муҳоҷирати корӣ рӯ ба беҳбуд ниҳодааст, ба вижа, баъд аз чандин музокира ду тараф дар мавриди лузуми танаввӯъ бахшидан ба раванди муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон, дар таърихи 10 октябр бар асоси як тавофуқи дуҷониба, аввалин гурӯҳ аз муҳоҷирони кории тоҷик ба Кореяи Ҷанубӣ рафтанд.

Бар асоси Ожонси омори Тоҷикистон, ҳаҷми куллии тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар 9 моҳаи имсол 35.2 миллион доллар баровард шуда, ки дар муқоиса ба замони мушобеҳи соли 2021 мелодӣ 6.1 дарсад афзоиш ёфтааст. Гардиши тиҷории ду кишвар тақрибан ба таври комил бо воридоти колоҳои кореяӣ ба Тоҷикистон муртабит аст.

Чорчуби қонунии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ шомили 9 тавофуқномаи байни давлатӣ аст.

Шоёни зикр аст, ки дар декабри соли гузашта, дар чорчуби ҳамоиши ҳамкории Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, Сеул аз қасди худ барои мушорикат дар иҷрои проектҳое дар заминаи ҳамлу нақл дар Тоҷикистон аз ҷумла сохти марказҳои лоҷестики байналмилалӣ, роҳи оҳан ва тазмини эминии ҷодаҳо, хабар дода буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад