Остона мизбони нуздаҳумин даври музокироти сулҳи Сурия

 Рӯзҳои 22-23-юми ноябр ба мизбонии Қазоқистон дар Остона нуздаҳумин нишасти байналмилалии сулҳи Сурия баргузор мешавад.

Рӯзҳои 22-23-юми ноябр ба мизбонии Қазоқистон дар Остона нуздаҳумин нишасти байналмилалии сулҳи Сурия баргузор мешавад.

Ба гузориши Tajikpress, бо истинод ба ВКХ-и Қазоқистон гузориш медиҳад, ки нуздаҳумин даври нишасти сулҳи Сурия ҳафтаи оянда дар пойтахти Қазоқистон ва бо мушорикати ҳайатҳое аз кашварҳои Русия, Туркия, Эрон, давлати Сурия ва мухолифони сурӣ баргузор мешавад.

Маркази матбуоти Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон бо эъломи ин матлаб гуфт: «дар ин музокирот ҳамчунин ҳузури намояндагони Созмони Милал, Урдун, Лубнон ва Ироқ пешбинӣ шудааст».

Вазъият дар Сурия, аз ҷумла вазъияти башардӯстона, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, тарвиҷи ҳамаҷонибаи фароянди сиёсӣ, иқдомоти эътимодсозӣ, аз ҷумла озодии гаравгонҳо ва ҷустуҷӯи афроди гумшуда, басиҷи талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ бар асоси қатъномаи 2642 шӯрои амнияти Созмони Милал бо ҳадафи бозсозии Сурия ва эҷоди шароит барои бозгашти оворагон ба сарзамини худ аз ҷумла мавзӯъоти дастури кори музокирот ба шумор мераванд.

Дар рӯзи аввали ин музокирот, баргузории ройзаниҳои ду ва сеҷонбаи кишварҳои зомин (Эрон, Русия ва Туркия), музокира бо тарафҳои сурӣ (давлати Сурия ва мухолифон), тамос бо ҳайатҳои кишварҳои нозир (Ироқ, Урдун, Лубнон ва ҳамчунин дафтари фиристодаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия ва дафтари комиссерияи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳндагон), барномарезӣ шудааст.

Дар рӯзи дувуми музокирот қарор аст ройзаниҳо идома ва иҷлоси умумӣ ва нишасти хабарӣ, баргузор шавад.

Ҳамчунин қарор аст дар чорчуби ин музокирот, нишасти кори гурӯҳи боздоштшудагони иҷборӣ бо ҳузур кишварҳои зомин ва коршиносони Созмони Милал ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх баргузор шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад