6 кушта ва даҳҳо захмӣ бар асари таркиш дар Истанбул

Таркиш дар хиёбони пуриздиҳоми “Истиқлол” дар шаҳри Истанбул, қалби иқтисодии Туркия, шаш кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт.

Таркиш дар хиёбони пуриздиҳоми “Истиқлол” дар шаҳри Истанбул, қалби иқтисодии Туркия, шаш кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт.

Ҳодисаи таркиш дар хиёбони пуриздиҳоми “Истиқлол” рӯзи 13-уми ноябр рӯй додааст ва ҳанӯз сабаби таркиш эълом нашудааст. Видеоҳои нашршуда аз ҷойи ҳодиса саҳнаи боло шудани дудро нишон медиҳад.

Рӯзномаи “Вашингтон Пост” гузориш дод, ки инфиҷор баъд аз зуҳри якшанбе рӯй дода, хиёбони “Истиқлол” холӣ шудааст ва ҳоло ба зери назорати полис даромада.

Нашрияи “Дейли Сабоҳ”-и Туркия навишт, инфиҷор дар хиёбони “Истиқлол”, дар қисмати аврупоии Истанбул ва маҳалли гардишгарони хориҷӣ ва ҷойи гаштугузору хариди шаҳрвандон, иттифоқ афтод.

Неруҳои амниятӣ соатҳо дар минтақа ҳузур доранд ва иқдом ба баррасии навъи инфиҷор ва тарҳрезони он кардаанд. Зимни инки аз вуруди афроди ғайринизомӣ ба минтақа ҷилавгирӣ шудааст ва дар осмон ҳам болгардҳои низомӣ машгули гашту тафтишот мебошанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, рӯзи 13-уми ноябр, пеш аз рафтанаш ба нишасти Гуруҳи 20 (G20) дар Индонезия, таркишро “ҳамлаи хиёнаткорона” донист ва гуфт, сабабгоронаш ҷазо хоҳанд гирифт.

Ба иттилои Эрдуғон, дар таркиши бомба 6 нафар кушта шудаанд. “Чаҳор нафар дар ҷойи ҳодиса ва ду кас дар бемористон ба ҳалокат расиданд ва 53 нафари дигар захмӣ шудаанд”.

Туркия дар солҳои 2015-2017 саҳнаи чандин инфиҷори хунин тавассути ДИИШ ва гуруҳҳои мусаллаҳи дигар будааст, аммо ҳеҷ ҳаракат ё гурӯҳе масъулияти ин ҳодисаро ба ӯҳда нагирифтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад