Фармони Путин барои шаҳрвандгирии осони кӯдакон

Бар асоси тарҳи нави пешниҳодшуда, шакли соддагардидаи дарёфти шаҳрвандӣ дар Русия барои наврасони аз 14 то 18-сола татбиқ карда мешавад.

Бар асоси тарҳи нави пешниҳодшуда, шакли соддагардидаи дарёфти шаҳрвандӣ дар Русия барои наврасони аз 14 то 18-сола татбиқ карда мешавад.

Думаи давлатии Русия тағйироти пешниҳодкрадаи раисиҷумҳур, Владимир Путинро дар бораи гирифтани осони шаҳрвандӣ барои кӯдакон дастрас кардаст. Тибқи тарҳи нав, наврасони бидуни тасдиқи имзо метавонанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.

Тағйирот ба лоиҳаи қонун, ки дар хониши аввал қабул шудааст, пешбинӣ мекунад, ки кӯдаки аз 14 то 18-сола бидуни тасдиқи имзои нотариалӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кунад.

Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад: “Дурустии имзои кӯдак тибқи тартиби муқарраркардаи Низомнома дар бораи тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Федератсияи Русия тасдиқ карда мешавад”.

Дар мавриди даст кашидан аз шаҳрвандӣ низ ҳамин тартиб татбиқ мешавад. Илова бар ин, дар тарҳи қонун коҳиши шумори талабот ба беш аз 20 тоифаи ашхос ҳангоми қабули онҳо ба шаҳрвандии Русия пешбинӣ шудааст.

Ва салоҳиятҳои сарвари давлат барои муайян кардани категорияи шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, васеътар хоҳад шуд.

Инчунин маълум аст, ки Думаи давлатӣ тағйирот дар бораи маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русияро низ дарёфт кардааст.

Бар асоси он, агар шахс кирдоре, ки ба амнияти кишвар таҳдид мекунад, содир кардааст, шаҳрвандияш ҳар вақт қатъ карда мешавад. Дар ҳамин ҳол, санаи ифшои далели содир кардани чунин амалҳо барои маҳрум кардани Русия нақше надорад. Инро Хадамоти федеролии амният назорат хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад