Ҳушдори НАТО: Қудрати неруҳои мусаллаҳи Русияро дасти кам нагиред

Дабири кулли НАТО дар дидор бо мақомоти Нидерланд дар шаҳри "Гаага" ҳушдор дод, ки набояд қудрати низомии Русияро дасти кам гирифт.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дабири кулли НАТО рӯзи душанбе гуфт, ин ба Украина бастагӣ дорад, ки чӣ шароитеро барои музокира бо Русияро дар заминаи хотимаи ҷанг дар назар гирад.

Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, “Йенс Столтенберг”, дабири кулли НАТО дар нишасти хабарии муштарак бо мақомоти Нидерланд дар шаҳри “Гаага” ҳушдор дод, ки набояд қудрати низомии Русияро дасти кам гирифт.

Вай изҳор дошт: «Мо набояд иштибоҳ кунем ва Русияро дасти кам бигирем. Неруҳои мусаллаҳи Русия дорои қобилитҳои қобили таваҷҷӯҳ ва ҳамчунин шумори бисёри неру ҳастанд.»

Дабири кулли НАТО гуфт: «Моҳҳои оянда душвор хоҳад буд. Ҳадафи Путин ин аст, ки Украинаро дар замистони сард ва торик раҳо кунад. Бинобар ин мо бояд масири худро идома диҳем.»

Столтенберг, бо такрори изҳороти “Энтони Блинкен”, вазири хориҷаи Амрико гуфт, ки ин ба Украина бастагӣ дорад, ки тасмим бигирад чӣ замоне ва чигуна мехоҳад бо Русия барои поён додан ба ҷанг музокира кунад.

Вай гуфт: «Украиниҳо инак болотарин ҳазинаро аз назари талафоти ҷонӣ ва хисороти ворида мепардозанд. Бинобарин ин бар уҳдаи Украина аст, ки тасмим бигирад чӣ навъ шароите барои онҳо қобили қабул аст.»

Столтенберг гуфт: «ончи дар атрофи миз иттифоқ меафтад асосан бо вазъияти майдони ҷанг муртабит аст. Ончи мо бояд анҷом диҳем ин аст, ки аз Украина ҳимоят ва онҳоро тақвият кунем то дар марҳалаи музокироти анҷом шавад, ки Украина ба унвони кишвари мустақил дар Аврупо пирӯз шавад.»

Ин гузориш ҳокист, вазорати дифои Русия рӯзи ҷумъаи гузашта эълом кард, хурӯҷи неруҳои худро аз каронаи ғарбии рӯдхонаи Днепер, Украинаро ба итмом расондааст.

Дар таҳаввули муртабит, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина рӯзи душанбе аз шаҳри тоза озод шудаи Херсон дар ҷануби ин кишвар дидор ва дар онҷо барои низомиёни украинӣ суханрони кард.

Сафари Зеленский ба Херсон чанд рӯз баъд аз хурӯҷи неруҳои рус аз ин шаҳри роҳбурдӣ анҷом шудааст. Херсон аз аввалин шаҳрҳое буд, ки дар кантроли низомии Русия қарор гирифт ва тайи моҳҳои гузашта дар кантроли Русия буд.

Зеленский ба неруҳое, ки дар муқобили сохтумони идорӣ дар майдони аслии шаҳри Херсон истода буданд, гуфт: «Мо дар ҳоли ҳаракат ба ҷилав ҳастем. Мо барои сулҳ; Сулҳ барои ҳамаи кишварамон омодаем.»

Херсон дар идомаи суханронии худ аз ҳимояти НАТО ва соири муттаҳидонашон дар ҷанги алайҳи Русия ташаккур кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад