Кремл: “Херсон” бахше аз Федератсияи Русия аст

Сухангӯи дафтари риёсати ҷумҳурии Русия (Кремл), имрӯз дар суханоне тасреҳ кард: "Херсон", бахше аз Федератсияи Русия аст.

 

Сухангӯи дафтари риёсати ҷумҳурии Русия (Кремл), имрӯз дар суханоне тасреҳ кард: “Херсон”, бахше аз Федератсияи Русия аст.

Ба гузориши хабаргузории шабакаи телевизионии “Роша Тудей”, “Дмитрий Песков” сухангӯи дафтари риёсати ҷумҳурии Русия (Кремл) дар вокуниш ба сафари аз пеш эълом нашудаи имрӯз душанбеи Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ба минтақаи “Херсон” дар суханоне гуфт: изҳори назар дар ин хусус наме кунем. Ҳамонтавр, ки медонед, ин (минтақа) бахше аз Федератсияи Русия аст.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина имрӯз сафари ғайримунтазира ба шаҳри Херсон муддаӣ шуд, ки Украина омодаи сулҳ дар саросари ин кишвар аст. Артиши Русия авоили моҳи март кантроли шаҳри Херсон воқеъ дар ҷануби Украинаро ба даст гирифт. Бо ин ҳол, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ҳафтаи гузашта дастури ақиб нишинии неруҳои ин кишвар аз шаҳри мазкурро содир кард.

Изҳороти Владимир Зеленский, дар бораи сулҳ бо Русия дар Херсон, дар ҳоле матраҳ шуд, ки нашрияи амрикоӣ “The Wall Street Journal”, дирӯз (якшанбе) ба нақл аз манобеи огоҳ муддаӣ шуд, ки Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед дар ҷараёни дидори ахир бо Владимир Зеленский, ба вай пешниҳод карда то дар мавриди музокира бо Русия «воқеъ бинона» фикр карда ва музокираро дар аввалавият қарор диҳад.

Владимир Зеленский, дар авосити моҳи гузашта, фармони мамнуъияти музокира бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро имзо кард. Ин иқдом дар вокуниш ба тасвиби санади илҳоқи чаҳор минтақаи Донбасс, Луганск, Херсон ва Запорожё ба хоки Русия сурат гирифт.

Ба рағми ин ақиб нишинӣ, Дмитрий Песков, сухангӯи Кохи Кремл ба хабарнигорон гуфт, ки вазъияти минтақа тасбит шудааст. Ҳеҷ тағйире дар бораи Херсон вуҷуд надорад ва ҳеҷ тағйире наметавонад дар бораи ин шаҳр вуҷуд дошта бошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад