Англис ҳазор мушак дар ихтиёри артиши Украина қарор медиҳад

Кишвари Англис эълом кард барои дифоъ аз зерсохтҳои Украина ба наздикӣ ҳазор мушак дар ихтиёри артиши Украина қарор медиҳад.

 

Вазорати дифоъи Англис эълом кард «барои дифоъ аз зерсохтҳои Украина», ба зудӣ ҳазор мушаки сатҳ ба ҳаво дар ихтиёри артиши Украина қарор медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, вазорати дифоъи Англис бо интишори баёнияе эълом кард Лондон ба зудӣ ҳазор мушаки сатҳ ба ҳаво дар ихтиёри артиши Украина қарор медиҳад.

Ин баёния бар рӯи веб-сайти вазорати дифоъи Англис қарор гирифтааст. Дар ин баёния омадааст “Бен Уоллес”, вазири дифоъ эълом кард Англис ба зудӣ наздик ба 1000 мушаки сатҳ ба ҳаворо таҳвили неруҳои мусаллаҳи Украина хоҳад дод. Ин иқдом дар посух ба дархости Украиниҳо барои тавонмандиҳои ҳавоӣ бештар анҷом мешавад».

Онгуна, ки дар ин баёния гуфта шуда «Ин мушакҳо дар таъмини дифои ҳавоӣ ва ҳифозат аз зерсохтҳои ҳаётии Украина нақши муҳимме хоҳанд дошт, ки ба сурати мудовим аз тарафи Русия ҳадаф қарор гирифта мешаванд».

Ҳамалоти мушакии густурдаи артиши Русия алайҳи зерсохтҳои аслии Украина дар шаҳрҳои мухталиф пас аз инфиҷор дар пули Крим дар моҳи гузашта оғоз шуда ва ба гуфтаи Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар натиҷаи ин ҳамалот токунун наздик ба 40 дарсади зерсохтҳои энергия Украина аз байн рафтааст.

Дар ҳамалоти 11 октиябр шаҳрҳои «Киев», «Одесса», «Винница», «Тернополь», «Хмельницкий», «Днепропетровск» ва «Житомир» ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор гирифтанд. Бинобар гузориши расонаҳои украинӣ беш аз 10 мушак аз дарёи Хазар ба самти шаҳрҳои Украина шиллик шуда буд. Дар рӯзҳои ахир низ бархе шаҳрҳои Украина ҳадаф ҳамалоти мушакӣ ва паҳподӣ қарор гирифтанд.

Бо оғози амалиёти низомии Русия дар Украина, Амрико ва кишварҳои аврупоӣ барои таваққуфи пешравии артиши Русия ва ҳимоят аз Украина, зимни ирсоли ҳаҷмаи зиёде аз таслиҳоти низомӣ ба Украина, таҳримҳои шадидеро алайҳи Маскав эъмол карданд.

Русия дар 24 феврал амалиёти низомии худро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳадаф аз ин амалиётро «нозизудоӣ» Украина ва ҳимоят аз афроде эълом кард, ки «ба муддати 8 сол ҳадафи зургӯӣ ва наслкушии режими Украина дар Донбасс (дар шарқи Украина)» қарор гирифтаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад