Посухи маънодори Кремл ба иддаои Иттиҳодияи Аврупо дар бораи илҳоқи Украина

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия изҳороти мақоми аршади Иттиҳодияи Аврупо, дар бораи пайвастани Украина ба ин блокро бо ҷумлаи кинояомез посух дод.

 

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия изҳороти мақоми аршади Иттиҳодияи Аврупо, дар бораи пайвастани Украина ба ин блокро бо ҷумлаи кинояомез посух дод.

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, “Мария Захарова”, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия ба изҳороти Оливер Вархелли, «Камиссари Иттиҳодияи Аврупо дар умури сиёсати ҳамсоягӣ ва густариш», дар бораи муддат замоне, ки пайвастани Украина ба ин блок тӯл мекашд, вокуниш нишон дод.

Мария Захарова, дар канали телеграмии худ навишт: Оливер Вархелли ба рӯзномаи “Welt am Sonntag” гуфтааст, ки омодасозӣ ва заминачинӣ барои илҳоқи Украина ба Иттиҳодияи Аврупо «солҳо тӯл мекашд» ; Эҳтимолан ба ҳамон андоза, ки инҳилоли Иттиҳодияи Аврупо замон мебарад.

Сарони Иттиҳодияи Аврупо ва давлатҳои узви ин блок, 23 июн дар иҷлоси Брюссел, бо эътои вазъияти номзадии пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ба Украина ва Молдова мувофиқат карданд.

Бар асоси муқаррароти Иттиҳодияи Аврупо, ин ду кишвар барои оғози музокироти илҳоқ, бояд шурути мушаххасе аз ҷумла эъмоли ислоҳоти дохилиро дар дастури кор қарор дода ва бароварда созанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад