Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Хатлон, шаҳри Бохтар

Намояндагони Ҷумҳурии исломии Эрон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги ин кишвар дар Тоҷикистон ба маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар омаданд.

Намояндагони Ҷумҳурии исломии Эрон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги ин кишвар дар Тоҷикистон ба маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар омаданд.

Ба хотири Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ҳамоиши бошукуҳ баргузор шуд.

Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон гуфт, ки равобити дӯстии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар аз азал буд ва то охир боқӣ мемонад. Ӯ мегӯяд, ки дар пайванду паймони дӯстии ин ду миллати бузург хизмати шоирону адибони замон хеле бузург аст.

Доктор Маҳмуд Солорӣ, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, ки ба хотири пойдору устувор боқӣ мондани дӯстии байни мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пайваста кӯшиш мекунанд, то чунин сафарҳо бештар шаванд.

Меҳмонони кишвари мавриди назар аз Осорхонаи вилояти Хатлон дидан карданд.

Мақсади ташкил ва баргузор кардани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин шинохти бештар аз фарҳангу аҳли башар, пурқувват намудани риштаи дӯстӣ, тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба аст.

Бояд гуфт, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон то 6-уми ноябри соли равон идома меёбад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад