Рушди наздики 8%-и ММД дар Тоҷикистон

Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ММД Тоҷикистон баъди семоҳаи савуми соли ҷорӣ, яъне дар 9 моҳ ба 79,3 млрд сомонӣ (беш аз $7,7 млрд.) расидааст.

Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ММД Тоҷикистон баъди семоҳаи савуми соли ҷорӣ, яъне дар 9 моҳ ба 79,3 млрд сомонӣ (беш аз $7,7 млрд.) расидааст.

Тибқи додаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, ҳаҷми ММД дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7,8% афзоиш ёфтааст.

Дар сохтори ММД қисмати асосриро маҳсулоти кишоварзӣ бо 25,5%, маҳсулоти саноатӣ бо 17,7%, гардиши савдои чакана бо 15% ташкил додаанд. Саҳми “хидматрасониҳои дигар” дар ММД 17,4% гуфта мешавад.

Тибқи додаҳои омор, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 33 млрд.у 563,6 млн. сомониро (ҳудуди $3,3 млрд.) ташкил додааст, ки рушди 7,8 дарсадиро нишон медиҳад.

Бахши саноат дар ҳаҷми 30 млрд. сомонӣ дар ММД саҳм дошта, 18% бештар аз соли гузашта гуфта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон ба додаҳои омории мақомоти Тоҷикистон бо шубҳа менигаранд. Изофанависӣ дар тамоми соҳаҳои кишвар равнақ ёфтааст, ба хусус дар бахши кишварзиву саноат. Борҳо дурӯғи мақомот дар ин робита ифшо шуда ва гоҳе худи мақомот ба он эътироф мекунанд.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад