Афзоиши боздиди гардишгари хориҷӣ аз Тоҷикистон

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 870 ҳазор хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд .

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 870 ҳазор хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд .

Ба гузориши манбаъ :

Бинобар омор таи ин муддат беш аз 870.7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли 2021, 526.7 ҳазор нафар ( 2. 5 баробар ) бештар аст .

Дар соли ҷорӣ бештар аз ҳама ба Тоҷикистон шаҳрвандони Узбекистон сафар карданд . Теъдоди онҳо 575.1 ҳазор нафар ё 66 дарсад аз кулли боздидкунандагон ҳастанд .

Теъдоди атбоъи Русия, ки аз ибтидои соли ҷорӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд 225 ҳазор ( 25 дарсад ), Қазоқистон 18 ҳазор ( 2. 1 дарсад ), Иёлоти Муттаҳида 5.4 ҳазор нафар ( 0.6 дарсад ), Туркия 5.2 ҳазор ( 0.6 дарсад ), Қирғизистон 3.5 ҳазор ( 0.4 дарсад ), Афғонистон 2.5 ҳазор ( 0.3 дарсад ) будааст .

Бар асоси омор беш аз 685.3 ҳазор нафар аз кули боздидкунандагон ( бар асоси равиши шиносии Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ ) ба унвони гардишгар арзёбӣ мешаванд . Ин нишондод дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 3.7 баробар бештар аст .

Пештар дар хабар омада буд :

Дар тобистони соли 2022 арзиши чиптаҳо ба ҷумҳурӣ қариб 50% арзон шуд. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое барои саёҳат аст, ки дар он сафарҳо қимат намешаванд.

Тоҷикистон дар тобистони соли 2022 дувумин кишвари маъруфтарин барои саёҳати русҳо шуд. Дар ин бора маълумоти хадамоти таҳлилии сафарҳо ва сайёҳони “Tutu.ru” шаҳодат медиҳанд.

Ҳиссаи мусофироне, ки ба ин хатсайр чипта харидорӣ кардаанд, тақрибан 17,7 фоизро ташкил дод. Нархи миёнаи чипта ба ҷумҳурӣ ба 10,1 ҳазор рубл расид, ки нисбат ба соли 2021 49% камтар аст.

Tutu.ru таъкид кардааст :

“Талабот ба кишварҳои хориҷи наздик бештар ба Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Беларус аст”.

Тавре ки аз рӯйхат дида мешавад, дар тобистони соли ҷорӣ Қирғизистон дар байни самтҳои ҳавоии Русия дар ҷои аввал қарор гирифт. Барои истироҳат ба ин кишвар 17,9% мусофирон рафтаанд.

Нархи чипта ба ин кишвар дар муқоиса бо соли 2021 21% афзуда, ҳудуди 10,5 ҳазор рублро ташкил додааст.

Ба даҳ самти машҳуртарини ҳавоӣ Гурҷистон, Исроил ва Туркия шомиланд. Нархи чиптаҳо ба ин кишварҳо низ боло рафтааст.

Арзиши сафар ба Исроил махсусан хеле баланд шуда, нархи чипта дар муқоиса бо соли 2021 181% афзуда, ба 42,9 ҳазор рубл расид.

Русҳо барои сафар ба Туркия ҳудуди 30 000 рубл пардохт мекунанд. Нархи билети ин хатсайри ҳавоӣ 139% гарон шудааст.

Нархи чиптаҳо ба Гурҷистон дар соли 2022 нисбат ба соли қабл 43% гарон шуда, қариб 27 ҳазор рублро ташкил дод.

Намояндагони ширкат хулоса карданд :

“Тақрибан 88% парвозҳо дар тобистони имсол дар дохили Русия ва 12% дар хориҷа анҷом дода мешаванд”.

Қобили зикр аст, ки қимати сафар дар ҳама самтҳои маъмул, ба ҷуз аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Белорус боло меравад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад