Ҳушдори ЮНИСЕФ аз афзоиши суи тағзияи кӯдакон дар Афғонистон

Сандуқи кӯдакони Миллаи Муттаҳид ЮНИСЕФ дар хусуси афзоиши суи тағзия дар байни кӯдакони Афғонистон ҳушдор дод.

Сандуқи кӯдакони Миллаи Муттаҳид ЮНИСЕФ дар хусуси афзоиши суи тағзия дар байни кӯдакони Афғонистон ҳушдор дод.

Ба гузориши манбаъ : 

Сандуқи кӯдакони Миллаи Муттаҳиди ЮНИСЕФ дирӯз сешанбе эълом кард, шумори кӯдакони дорои суи тағзия дар Афғонистон дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта 47 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бар асоси гузориши ЮНИСЕФ шуморе аз кӯдакон пеш аз расидан ба бемороистон ба иллати суи тағзия ҷон бохтаанд.

Сандуқи кӯдакони  Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) камбуди манобеъро мушкили муҳим Афғонистон унвон кард.

Дар ҳамин ҳол дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардустонаи Созмони Миллал дар гузорише аз афзоиши суи тағзияи кӯдакони афғон ибрози нигаронӣ кард.

Созмони ҷаҳонии ғизо (WFP) ҳам  ахиран бо интишори гузорише эълом кард, бӯҳрони иқтисоди дар Афғонистон вахимтар шудани авзоъи таҳияи ғизо тавассути волидайн барои фарзандонашон ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.

Бар асоси ин гузориш дар Афғонистон аз ҳар да нафар нуҳ нафар ғизои кофи дар ихтиёр надоранд. Бархе Созмонҳои башардустона теъдоди афғонҳое, ки ба ғизои кофи дастараси надорандро 19 миллион нафар задаанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Дафтари намояндаигии кумакҳои башардӯстонаи Созмони Миллали Муттаҳид аз афзоиши панҷоҳ дарсадии фақр дар Афғонистон хабар дод.

Афғонистон дар ҳоле ба тозаги дар ҷойгоҳи 109 гуруснатарин кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст, ки иқтисоди ин кишвар дар ҳоли  суқт қарор дорад ва Амрико пас аз қудрат гирифтани дубораи Толибон, дороиҳои онро блук кардааст. Ҳузӯри бист солаи аритиши Амрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистон ва ҷанги ноши аз он, боиси нобудии зерсохтҳои иқтисодӣ вабеҳдоштии ин кишвар шудааст.

Ба гузориши Садои Хуросон, аз Кобул, дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи Созмони Миллалӣ Муттаҳид дар Афғонистон гуфтааст, ки дар се соли ахир мизони фақр дар Афғонистон панҷоҳ дарсад афзоиш ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, мизони фақр дар Афғонистон чиҳилу ҳафт дарсад ба наваду ҳафт дарсад расидааст. Учо таъкид кард: Бекори коҳиши даромад ва афзоиши нархҳо аз авомили афзоиши фақр дар Афғонистон аст.

Дафтари ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстонаи Созмони Миллалӣ Муттаҳид хостори иқдомоти фаври барои поён додан ба фақр дар Афғонистон шудааст.

Аз сӯйи дигар ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳони ғизо, Созмони дидбони ҳуқуқи башар дар гузорише эълом кард: Ниме аз ҷамъияти Афғонистон, ки бештар  аз нуздаҳ миллион нафарро дар бар мегирад, сатҳи  болои ноамнии ғизоиро таҷруба мекунанд.

Бар асоси ин гузориш, фақат дар соли 2022-и мелодӣ, сиву чаҳор ҳазор кӯдак ба иллати ибтилоъ ба сӯйи тағзия дар бемористонҳо бастари шудаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад