Чароии афзоиши ҳамалоти ҳавоии саҳюнистҳо ба атрофи Димишқ

Режими саҳюнистӣ бомдоди панҷшанбеи 5 обони 1401, баробар бо 27 октябри соли 2022, баъд аз як моҳ таваққуф, барои сеюмин бор дар камтар аз як ҳафтаи гузашта атрофи Димишқро бори дигар мавриди ҳамалоти ҳавоӣ ва мушакӣ қарор дод.

Ин бистуҳаштумин ҳамлаи Исроил ба хоки Сурия аз оғози соли 2022 аст.

Ҳоло суоле, ки матраҳ аст ин ки сабаби афзоиши ин ҳамалот дар рӯзҳои ахир чӣ будааст ва идомаи он чӣ асору паёмадҳое метавонад ба ҳамроҳ дошта бошад?

Яке аз авомили афзоиши ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Сурия ба фазои интихоботӣ марбут мешавад, ки қарор аст то чанд рӯзи дигар, дар аввали ноябр барои панҷумин бор дар хилоли сеюним соли гузашта баргузор шавад ва бо тавваҷуҳ ба рушду тақвияти гароишоти ифротӣ дар баданаи ҷомеаи саҳюнистӣ, эътилофи ҳоким ба раҳбарии Яир Лапид талош мекунад барои пирӯзии муҷаддаду бақо дар пости нахуствазирӣ чеҳрае радикалу ифротӣ аз худ нишон диҳад то аз руқабои интихоботии худ ҳамчун Натанёҳу ақиб намонад ва бар ҳамин асос ҳамзамон бо афзоиши ҳамалоти ҳавоӣ ба Сурия иқдомоти саркӯбгаронаи он дар Фаластин низ ташдид шудааст, ки намунаи боризи он юриши ахир ба шаҳри Наблос буд, ки дар ҷараёни он 6 ҷавони фаластинӣ шаҳид ва беш аз 20 нафари дигар захмӣ шуданд ва дар воқеъ Лапид низ ҳамонанди дигар масъулони саҳюнистӣ бо рехтани хуни ҷавонони фаластинӣ ва афзоиши тааррузоту таҷовузот ба кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Сурия дар пайи касби раъй аст ва он чӣ ин равандро ташдид карда, тан додан ба тавофуқномаи тарсими марзҳои дарёӣ бо Лубнон бо шурути Ҳизбуллоҳ буд, ки боиси ҳаҷмаи таблиғотӣ аз сӯи руқабои интихоботӣ ҳамчун Натанёҳу шудааст.

Аз ин дид ҳамалоти режими саҳюнистӣ ҷанбаи таблиғотӣ дорад ва ин режим аҳдофи худро дар Сурия ба гунае интихоб мекунад, ки ҳазинаи сангине барои он ба ҳамроҳ надошта бошад.

Аз дигар авомили муассир дар афзоиши ҳамалоту тааррузоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Сурия, бозгашти муҷаддади ҲАМОС ба домани Сурия аст, ки бо васотату дирояти Ҳизбуллоҳ ва шахси Сайид Ҳасан Насруллоҳ сурат гирифт ва ин режим аз ин нигарон аст, ки ин таҳаввул ба тақвияти муқовимат ҳам дар Фаластин ва ҳам дар сарзаминҳои ишғолии Сурия бианҷомад ва аз ин дид афзоиши ҳамалот моҳияти инфиъолӣ ва вокунишӣ дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад