Вокуниши Насруллоҳ нисбати ҳамлаи террористӣ ба Шоҳчароғ

 Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне ба ҳамлаи террористӣ дар ҳарами Шоҳчароғ дар Шероз ишора кард.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне ба ҳамлаи террористӣ дар ҳарами Шоҳчароғ дар Шероз ишора кард.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне ба ҳамлаи террористӣ дар ҳарами Шоҳчароғ ишора кард ва гуфт: «ҳамлаи террористӣ дар Шероз бояд бедорӣ ва басирату огоҳии бештарро дар сатҳи миллатҳои минтақа ба вижа назди миллати Эрон эҷод кунад, ки дар маърази тавтеаи хатарнок қарор доранд.

Вай афзуд: «мавзӯъи аввал куштори ваҳшатноке аст, ки ДИИШ дар шаҳри Шероз дар Эрон муртакиб шуд; ба Имом Хоманаӣ ва масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва миллати сабури ҶИЭ ва хонаводаҳои шаҳидон тасалият арз мекунам ва барои маҷрӯҳон шифои оҷил орзу мекунем. Ин ҷинояти зишт бояд бедорӣ ва басирати бештарро дар сатҳи миллатҳои минтақа ба вижа назди миллати Эрон эҷод кунад, ки дар маърази тавтеаи хатарнок қарор доранд».

Насруллоҳ афзуд: «давлатҳои Амрико, ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои такфириро ба ҳаракат дароварда ва шароити интиқоли амни саркардаҳо ва аносири ин гурӯҳҳоро ба Афғонистон фароҳам овардааст».

Вай афзуд: «ДИИШ имрӯз дар хидмати давлати Амрико дар Афғонистон аст, то миллати Афғонистон ва Эрон ва кишварҳои ҳамсояро ҳадаф қарор диҳад; мо бояд нисбат ба аҳамияти ҷиҳоди бузурге, ки хелеҳо дар минтақаи мо анҷом доданд, огоҳӣ ва басирати бештаре дошта бошем ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳомии қудратманд дар ин ҷиҳоди бузург аст, ки шаҳидон Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ ва Абӯмаҳдӣ Муҳндис аз фармондеҳони он буданд.

Сайидҳасан Насруллоҳ таъкид кард: “онки иғтишошу нооромиҳо дар Эронро идора мекунад, ҳамонест, ки қотилонро ба Шероз ва Зоҳидон фиристодааст ва он давлати Амрико аст».

Вай дар идома бо ишора ба таҳаввулоти Фаластин эълом кард: «ба муборизони қаҳрамон дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудс ба вижа дар Ноблус, Ҷанин ва Шаъфот табрик мегӯем. Дуруд ба рӯҳи шаҳиди бузургу шуҷоъ Удай Мамимӣ, ки ба намоди шуҷоат ва салобату басират табдил шуда ва унвони насле аст, ки пирӯзии ниҳоиро рақам хоҳад зад. Табрик ба Арин Асвад ва гурдони Ҷанин ва ҳамаи бародарон дар Фаластин ва хориҷи он».

Вай дар бораи тавофуқи тарсими марзи дарёии Лубнон ҳам эълом кард: «тарсими марзи дарёӣ таҷрибае аст, ки мустаҳаққи пардохтан ба он ба шакли муфассал аст аз ин рӯ дар ин бора дар рӯзи шанбе муфассал сухан хоҳем гуфт».

Насруллоҳ афзуд: «маъмурияти муқовимат дар баҳси марбут ба парвандаи тарсими марзӣ тамом шудааст ва имрӯз эълом мекунам, ки ҳамаи тадобир ва иқдомоти анҷомшудаи қаблӣ, тамом шудааст. Аз размандагоне, ки шабу рӯз кор карданд, ташаккур мекунам ва мегӯям, ки маъмурият ба поён расидааст. Ончи дар парвандаи тарсими марзӣ ҳосил шуд пирӯзии бисёр бузурге барои давлат, миллат ва муқовимати Лубнон аст».

Вай дар поён пас аз маҳкум кардани ҳамлаи терроритӣ ба Шоҳчароғ ва баррасии таҳаваллоти Фаластину Лубнон гуфт: «ончи имрӯз имзо шуд як санад дар бораи тавофуқи таъйини марзӣ буд, на аҳди байналмилалӣ. Ҳар ончи, ки рух дод, музокироти ғайримустақим буд ва ҳайатҳои лубнонӣ ва исроилӣ дидоре надоштанд ва ҳар тарафе санади хосро имзо кард; Лубнон гоми муҳиме бардошт, ки онро дар баробари марҳила ҷадиде дар таърихаш қарор медиҳад».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад